Принт

Сайри лолаву… «подземка»

Вақте шаҳри рӯизаминӣ зеботар мешаваду шаҳри зеризаминӣ баръакс, ифлостар мегардад…

Сайри лола-анъанаи зебои Тоҷикона
6.04.2019. Соат бо вақти Душанбе 10:00 дақиқа.
Дар майдони назди бинои Сирки давлатии кишвар бо садои баланди карнайю доира сайри гули лола оғоз шуд. Даҳҳо намуд лолаҳои рангу баранг, ки бо маҳорати хос дар гулзори шафати бино шинонида шудаанд, ҳусни маконро боз ҳам зеботару ҳавояшро пуртароват мекарданд. Духтарони чаканпӯшу атласпӯш, ки дар ин макон сайругашт доштанд, ба ҳусни лолаҳо ҳусни дигар зам доранд.
Сайри лола барои мардуми Тоҷик анъанаи идонаи наврӯзии нав нест. Аз қадим бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯз, хосса, дар рӯзи 2-юм ё 3-юми он бо аҳли хешу табор, дӯстону пайвандон ба талу теппаҳо ба сайри лолаву лолачинӣ мерафтанд. Тӯшаи сайри лолаашон ҳам он чизе буд, ки ҳар касе аз рӯи шароит бо худ мегирифт. Дар замони шӯравӣ низ ин русум фаромӯш нашуд-ҳатман пас аз Наврӯз, ки таътили баҳории хонандагон оғоз мегардид, муаллимони мактабҳои деҳот кӯдаконро ба «поход», ба лолачинӣ, ба кӯҳу даман мебурданд ва ин лаззати худро дошт.

Ифлос, бадбӯй… - «подземка»-и ҳамшафат
Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа.
Воқеан ҳам имрӯз тарофи бинои Сирк диданист, вале ҳамагӣ 2 метр аз ин зебоӣ кас ба ҷое ворид мешавад, ки тамоман баръакси ҳол буда, ба назар ифлостарин гӯшаи дунё, аз кинофилмҳои «ужас»-и Голливудро мемонад… Дар фосилаи ҳамагӣ 2 метр аз ин гулзори пурнакҳат Гузаргоҳи Зеризаминӣ ҷойгир асту ҳамарӯза роҳгузарони зиёд тавассути он роҳро убур мекунанд. Ин гузаргоҳи зеризаминӣ ҳоло дар бадтарин ҳолати санитариву эпидемиологӣ қарор дошта, бӯи бади он дили касро беҳузур мекунад. Паси панҷараҳои оҳанини чандин сол қабл гузошта шуда, пур аз партов ва ифлосӣ буда, дари ба ном мағозаҳо шикаставу пора шудаанд. Деворҳои гузаргоҳ кайҳо нам кашида, ба шикастан сар кардаанду болопӯшҳои оҳанини ҷӯйборҳо низ каҷу шикастаанд. Ҳолати имрӯзи чанд дӯконе, ки дар ин гузаргоҳ ҳанӯз фаъоланд, низ хеле бад буда, вазъи дохилашон низ нигароникунандааст. Аз бӯи бади гузаргоҳ бармеояд, ки бархе аз роҳгузарон дар ин макон қазои ҳоҷат ҳам кардаанду мекунанд…
Вазъи гузаргоҳи дигари ҳамшафати бинои Сирк-рӯбарӯи маркази савдои «Сафар» низ беҳбудӣ мехоҳад. Масъулин гулзори болоро гулкорӣ ва обод кардаанду аз он, ки 2 метр поёнтар чӣ ҳолат аст, хабар надоранд?! Ё фикр мекунанд, меҳмонони мансабдор ва сайёҳоне, ки сайри лола омадаанд, ҳеҷ гоҳ ба «подземка» намефароянд!? Фароед ва аз накҳати гул ва ба бӯйи г… вар хӯред, мӯҳтарам масъулин! Зеро сокинон, меҳмонон, сайёҳони хориҷӣ ҳатман ин накҳатро низ «мечашанд»!

«Подземка»-ҳоро фурӯшгоҳ кунед!
Шумораи гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Душанбе ҳоло ба 10 адад ҳам намерасад. Бархеи гузаргоҳҳо, амсоли назди бозорҳои «Саховат»-у «Варзоб» аз сари нав бунёд ёфта, гузаргоҳҳои маркази шаҳр, хосса, назди фурушгоҳи марказии Тоҷикистон-собиқ СУМ ва маркази савдои «Садбарг» пас аз таъмиру таҷдид хеле тозаву озода шудаанд. Дар аксари ин гузаргоҳҳо дӯконҳои савдо ва фурӯши гулу тӯҳфаҳову ёдгориҳои миллии Тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст, ба ҷуз гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат», ки пурра телефонбозор шудааст.
Барои мисол гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар ш.Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба Маркази савдо табдил дода шуда, дар зери замин мағозаҳои бароҳати сару либос ва ашёҳои брендӣ фаъоланд. Хеле зебо ва қулай.
Инчунин, маҳз дар ин гузаргоҳҳои зеризаминӣ бояд ҳоҷатхонаҳои муосир барои мардум кушода шаванд-набуди ҳоҷатхона ҳам имрӯз ба проблемаи №1-и пойтахт мубаддал шуда истодааст ва маҳз ин мушкил ҳафтаи гузашта боиси ҷанҷоли 1 сокини пойтахт бо милисаҳо гашта, аввалиро то ба кати беморхона ва ҷарроҳӣ оварда расонид… Пас чаро ин корро аз хуҷандиҳо ёд нагирему тамоми гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахтро марказҳои савдо накунем?

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Дар акс ҳолати имрӯзаи саҳни бинои Сирк ва дохили гузаргоҳи зеризаминӣ, ки бозгӯи гуфтаҳои болоанд.


Дар ҳамин маврид:
Хабарнигори дигари СССР, ки он рӯз ба сайри Боғи Ҷомиву Навоӣ рафта буд, ба манзараи баде дучор омад. Модарон кӯдакони худро рӯи сабза ба…қазои ҳоҷат (маъзарат) шинонида буданд (ниг. ба акс). Чу пурсидем, гуфтанд, кӯдак аст, шикамаш дард кард, ҳоҷатхона нест, пас куҷо баремаш? Воқеан ҳам меҳмонону сокинони пойтахт, ки сайри ин ва дигар поркҳо мебароянд, зимни… ба куҷо раванд? Ё мегӯед хурду калон «фархак-памперс» пӯшем?

Матлабҳои дигар