Принт

Роҳбандӣ ба хотири ташрифи 27 президент

    Раёсати ВКД дар ш.Душанбе ба диққати шаҳрвандон, ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё, ки 14 ва 15 июни соли 2019 дар ш.Душанбе баргузор мегардад, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.

    Раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе бо ҳамин сабаб ба сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки дар санаҳои 14-15-уми июни соли ҷорӣ безарурият аз ташриф ба ҳудуди пойтахт худдорӣ намоянд. Ҳамзамон аз сокинони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз хизматрасониҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласаи муҳими байналмилалӣ дар кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт танҳо автобусу троллейбусҳо фаъолият хоҳанд кард.

   Бояд қайд намуд, ки айни замон аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё 27 кишвари қитъаи Осиё буда, 8 кишвар ва 5 созмони байналмилалӣ ба ин Форум ҳамчун нозир узвият доранд. Дафтари марказии ин Форум дар ш.Нур-Султон (Остона) мустақар аст.

 

 

Матлабҳои дигар