ХАБАРИ ДОҒ

Бо корти миллӣ ба автобусу троллейбус?

  • Сешанбе, Июл 23 2019

   БДА ҶТ «Амонатбонк» пешниҳоди нафақахӯрон ва он шаҳрвандонеро, ки маоши хешро тавассути кортҳои миллии электронӣ дастрас мекунанд, дар мавриди роҳандозии системаи муттамарказ бо ширкати «Авесто Гурӯҳ» барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахт тавассути корти ягонаи миллӣ баррасӣ дорад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» рӯзи 23.07.2019 хабар дод.

   - Мо пешниҳоди бархе аз истифодабарандогони корти миллиро дар мавриди муттамарказ намудани он бо кортҳои «СИТИ корт»-и ширкати «Авесто Гурӯҳ» ва ба воситаи он истифода намудан аз нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро баррасӣ дорем. Дар сурати расидан ба мувофиқа бо ин ширкат, омода ҳастем ин системаро ҷорӣ намоем, то ин, ки истифодабарандагони корти миллӣ, ки аксар нафақахӯр ва кормандони соҳаҳои буҷавӣ ҳастанд, тавонанд бо ҳамин кортҳои худ вориди автобусу троллейбус гарданд. Айни замон мутахассисони бонк роҳу равиши роҳандозӣ намудани ин корро таҳқиқ доранд ва шояд мо барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба кортҳои миллӣ чипҳои махсус часпонем, - қайд намуд Сироҷиддин Икромӣ.

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter