Принт

Оғози фаъолияти Стансияи агрометерологӣ дар ш.Турсунзода

 

    Бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳамкории зич бо Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Турсунзода Стансияи автоматии агрометеорологӣ, шабакаи пилотии агрометеорологӣ ба кор шурӯъ кард. Шабакаи пилотии агрометеорологӣ барои татбиқ намудани усулҳои нави ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти обу ҳаво бо мақсади дастрас намудани огоҳии пешакӣ дар бораи иқлим, бемориҳои растанӣ ва пешгӯии ҳосил ба деҳконон нигаронида шудааст.

    Бино ба иттиллои аз маркази матбуоти намояндагии Иттиҳоди Аврупо ба мухбири СССР расида, шабакаи пилотӣ аз 3 стансияи автоматии агрометеорологӣ иборат аст, ки дар 3 минтақаи мухталиф бо навъҳои хоси зироат-токзор дар ш. Турсунзода, зардолузор дар ш.Конибодоми вилояти Суғд ва пахта дар н.Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон насб карда мешаванд.

   Истифодаи иттилооти агрометеорологӣ дар соҳаи кишоварзӣ хеле муҳим аст, зеро ҳар як ҷабҳаи фаъолияти кишоварзӣ аз обу ҳаво вобаста аст. Бо банақшагирии дақиқ ва тадқиқот, агрометеорология ба фермерон барои қонеъ кардани талаботи ҷаҳонӣ ба озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кӯмак мерасонад. Шароити пешгӯинашавандаи обу ҳаво, ки аз сабаби тағирёбии иқлим ва дигар зуҳуротҳои метеорологӣ ба вуҷуд меоянд, талаботро ба маълумоти дақиқи обу ҳаво зиёд кардаанд.

   -Ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо ФАО ва шарикони миллӣ ҷиҳати таъсиси системаи самаранок ва устувори агрометеорологӣ дар Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Пас аз насб ин система баҳри тақвият додани соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани чораҳои пешгирикунанда, ки таъсири вазъи обу ҳаворо, хусусан хушксолиро, ба соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст, таъкид кард Сафири ИА дар Тоҷикистон Мэрилин Ҷозефсон дар маросими ифтитоҳи ин стансия дар ш.Турсунзода.

 

Матлабҳои дигар