Принт

«Рахш такси» инсоф дорад?

Узви Ихвон-ал-СССР, Шерзод Мамадназаров (тел: 93 801 17 74) аз кӯч.Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ (Боғи Ғалаба) дар суҳбати телефонӣ бо газетаи мардумии СССР гуфт, ки дар бораи виҷдону инсофи таксиҳои пойтахт гуфтаниям. Субҳи 4.08.2019, соати 6:30 дақиқа 1 кори муҳиме пайдо шуду ба таксии 3333 занг задам. Хуллас, такси бо сарсониҳои зиёд дар гардиши кӯчаи мо омад. Ба таксӣ (тамғаи Тойота) нишастам. Ҳисобкунаки маблағ дар телефони ронандаҳои такси, тавре маълум, аз 10 сомонӣ сар мешавад. Аммо бо сабабҳои бароям то ҳол муаммо, «счетчик» аз 11 сомонӣ ҳисоб карданро сар кард ва маро то маҳаллаи Семзавод (назди таксиҳои Хуҷанд) бурда расонд ва ронанда гуфт: «Роҳкирои шумо 27 сомонӣ шуд!». 50 сомонӣ додам. Ронанда кисаашро кофту гуфт, «ако, узр, пули майда надорам» ва 20 сомонӣ бақия дод. Бояд 23 сомонӣ медод! Ва ҳини баргашт аз маҳаллаи Семзавод барои қиёси нархи роҳкиро ба «Олуча-такси» (7000) занг задам. Таксии 7000 омаду нишастам ва то дари хона расо 25 сомонӣ гирифт…

 

Матлабҳои дигар