Принт

Беобӣ ҳал шуданист…

МИҲД н.Хуросон мақолаи «Мушкилиро раис ҳал накунад, кӣ мекунад?» (СССР, 24.01.2019, №4(541)-ро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия муҳокима намуд. Масъалаи оби ошомиданӣ яке аз мушкили асосии ноҳия буда, ба ҳолати имрӯза дастрасии аҳолӣ ба он 12%-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи МИҲД ноҳия дар ин самт тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда, барои таъминоти аҳолӣ бо об ҳамкориҳоро бо намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония ба роҳ монда, лоиҳаро бо арзиши $54 млн. пешниҳод кардааст, ки корҳои лоиҳавӣ дар ин самт ҷараён дошта, беш аз 80.000 тан бо об таъмин мешаванд. Дар сурати амалишавии Барнома аҳолии деҳаи Ф.Ғаниев низ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ меёбанд. Дар деҳаи Меҳнатобод Маркази саломатӣ фаъол аст, ки ба беш аз 3000 нафар аҳолӣ хизмат мерасонад. Деҳаи Ф.Ғаниев аз ин муассисаи тиббӣ дар масофаи 1 км 600 метр ҷойгир аст. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ дар ин деҳа сохтмони бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн… ба нақшаи иловагӣ ворид карда мешавад. Дар самти дур ҷойгир будани мактаб ҳаминро бояд илова кард, ки деҳаи Ф.Ғаниев аз МТМУ №20 дар масофаи 1 км 700 метр ва аз МТМУ №16-и деҳаи Меҳнатобод дар масофаи 1 км ҷойгир буда, ба омадурафти хонандагон ба макотиби мазкур мушкиле нест.

Н.Подшоҳзода, муовини раис

 

Матлабҳои дигар