ХАБАРИ ДОҒ
Принт

 

Камчинӣ ва гарон шудани арзиши тарбузро сокинони кишвар дар арафаи Иди саиди Қурбон хеле сахт эҳсос намуданд. Пеш аз ид нархи 1 дона тарбузи миёнҳаҷм аз 8-10 то 30 сомонӣ дакка хӯрд. 1 рӯз пеш аз ид бошад тарбуз ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудаву марзи 60-70 сомониро убур кард!!! Алорағми пешгӯии Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҶТ, ки 1 моҳ пеш зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ҳосили тарбуз дар кишвар имсол фаровону нархаш аз 10 сомонӣ боло намешавад ва пухта расидани ҳосили дуюми тарбуз нархи онро ба замин хоҳад зад, тарбуз ҳам камчин шуд ва ҳам гарон. 

 

Тарбуз дар полез «сӯхт»?

Фурӯшандаҳои ин меваи полезӣ ба суоли харидорон дар мавриди нархи осмонбӯси тарбуз мегуфтанд, бо сабаби гармии аз ҳад зиёд тарбуз дар сари заминҳо сӯхт. Иддае бошад, баръакс таъкид менамуданд, ки тарбуз бо теъдоди зиёд ба кишварҳои дигар, амсоли Афғонистон содирот шуда, деҳқонон онро аз сари замин бо нархи боло ба туҷҷори афғон яклухт фурӯхта истодаанд. Тавре хабарнигорони мардумии СССР аз ноҳияҳои Ҷайҳуну Ҷ.Балхиву Шаҳритус хабар медиҳанд, дар сари полез тарбуз қариб ки намондааст ва агар ҳам бошад танҳо дар майдончаҳои наздиҳавлигии сокинон. Тарбузи минтақаи Кӯлоб низ нав пухта расида, ҳамакнун ба бозорҳо баромада истодаасту тарбузи суғдӣ, хосса, Мастчоҳу Зафаробод аллакай тамом шудааст. Дар ҳақиқат, дар сари заминҳо тарбуз камчин аст, вале на сӯхтааст, на пӯсида-агар чунин мебуд мардум онро медиданду экологҳо бонги хатар мезаданд. Пас маълум мешавад, ки тарбуз «насӯхтааст», балки онро аз сари заминҳо яклухт нарх кардаву харида бурда истодаанд. Аммо ба куҷо?

 

Тарбуз ба Қирғизистону Литва рафт!

Бо ин суол мо ба маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ муроҷиат намудем. Чуноне ки дар ин ниҳод хабар доданд, тибқи омори содироти маҳсулоти кишоварзии полезӣ аз 1.01 то 31.07.2019 аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи мамлакат 124 ҳазору 377 кг тарбузу харбуза бароварда шудааст. Аз ин рақам 39 тоннаву 235 кг ба давлати Литва, 11 тоннаву 142 кг ба Афғонистон, 54 тонна ба Қирғизистон ва 20 тонна ба Украина содирот шудааст. Бино ба иттилои хадамоти мазкур, аз ҳама зиёд тарбузу харбуза аз ш.Турсунзода ва вил.Хатлон ба хориҷ аз ҷумҳурӣ рафтааст. Тавре мебинем, содироти он ба Афғонистон мутаносибан кам буда, дӯстдорони тарбузу харбузаи тоҷикӣ асосан қирғизҳову литвониҳо ва украинҳо будаанд. Деҳқонони тоҷик дар ин маврид мегӯянд, новобаста аз хубу фаровон шудани ҳосил нархи сӯзишворӣ хеле гарон буда, онҳо имкони шахсан баровардани маҳсулоти полезиро ба бозор надоранд ва маҷбуранд ба миёнаравҳои дохиливу хориҷӣ тарбузро аз сари замин фурӯшанд. Дар баробари ҳосили фаровони полезиҳо деҳқонон аз нархи гарони тарбузу харбуза низ шоданд, ки метавонанд ҳосили хешро аз сари замин на бо нархи яклухт мисли қабл, балки бо нархи бозор фурӯшанд. Пажӯҳиши СССР маълум кард, ки тарбуз «ягон майда насӯхтааст»: тарбузро аз сари замин ва бо нархи гарон бурда истодаанд.

М.Аминова, СССР

 

Китобҳо

Flag Counter