Принт

6065 талоқ, на 12.000!

Ҳафтаи равон Қосимзода Идигул Тағо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо ирсоли 1 номаи расмӣ ба бархе аз суолҳову мавзӯҳое, ки дар чанд шумораи ахири газетаи СССР вобаста ба афзоиши талоқ дар байни оилаҳои тоҷик ва проблемаҳои занон дар ҷомеаи имрӯзи кишвар ба нашр расида буд, посухҳои мушаххас дод.

 

Раванди ҷаҳонишавӣ ва хатари он

Тавре Қосимзода Идигул дар номаи ҷавобии хеш мегӯяд, аз омори пешниҳодшудаи Раёсати сабти ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ, дар 6 моҳи с.2019, яъне нимсолаи якум дар кишвар 6065 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи с.2018 411 адад зиёд аст. Яъне, хабари қаблан нашршудаи дар сомонаҳои хабарии мамлакат дар бораи ба қайд гирифтани 12.000 талоқ байни оилаҳои ҷавони тоҷик асос надорад.

-Дар баъзе ҳолатҳо паст шудани сатҳи фарҳанги муносибатҳои оиладорӣ дар ҷомеа, дар сатҳи зарурӣ дарк накардани арзишҳои оиладорӣ, амсоли дӯстию вафодорӣ, иззату эҳтиром ва дастгирию ҳамдигарфаҳмӣ байни аъзои оила, фаҳмиши аслии мафҳуми оиларо дар ҷомеа заиф намудааст. Ғайр аз ин бояд гуфт, ки бо назардошти суръат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷомеа хатари аз байн рафтани арзишҳои асосии фарҳанги оиладории миллӣ пайдо мешавад, - навиштааст хонум Қосимзода.

 

12 сабаби пошхӯрди оила аз дурбини Кумита

Коршиносони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, аз таҳлили омор ва пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон хулоса кардан мумкин аст, афзоиши шумораи оилаҳое, ки ақди никоҳашон бекор карда шудааст, аз даврае оғоз меёбад, ки ин кӯдакон дар охири солҳои 1980-90 таваллуд ёфта, ба синни никоҳӣ расидаанд. Онҳо дар шароити номусоиду номувофиқ ба воя расидаанду ин омил ҳатман ба мафкураву кирдорашон таъсири манфӣ мерасонад. Зӯроварии хонаводагӣ, дахли шахсони сеюм, гирифтори беморӣ будани 1 тараф (ВНМО, нашъамандӣ, майзадагӣ, бемории рӯҳӣ), ҷои кори доимӣ надоштани шавҳар ва мушкилоти молиявӣ, хиёнати яке аз ҳамсарон, мӯҳлати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо будани ҳамсарон (муҳоҷират), бефарзандӣ, надоштани ҷои зисти доимӣ, аз озодӣ маҳрум шудани яке аз тарафҳо, таҳаммулпазир набудани ҷавонҳо, бо исрори волидайн хонадор шудани ҷавонон ва надоштани меҳру муҳаббат нисбати якдигар-чунинанд сабабҳои асосии пошхӯрии оилаҳои ҷавони тоҷик аз нигоҳи коршиносон ва мутахассисони Кумита.

 

6919 муроҷиат дар 6 моҳ

Тавре дар посухи Кумитаи мазкур омадааст, дар 6 моҳи соли равон ба Марказҳои иттилоотӣ-машваратии Раёсат, шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 6919 шаҳрванд муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 4867 нафарро занон ва 1645 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки дар назди Қумита бо ҳамкории Хазинаи Авруосиёии Осиёи Марказӣ дар ҶТ телефони «Боварӣ», Маркази захиравӣ оид ба масоили гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила амал мекунад, ки дар давоми 10 моҳи охир ба 1254 муроҷиаткунанда машварати ҳуқуқӣ додааст. Тамоми шаҳрвандони кишвар, хоса, занону духтарон ҳини сар задани мушкилот метавонанд ба телефони «Боварӣ»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ тариқи рақами 13-13 тамос бигиранд.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР 

 

Матлабҳои дигар