Принт

Дарахтбурӣ ҷиноят аст!!!

Чанд нафар аз хонандагони газетаи мардумии СССР аз ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ, Балҷувону Ховалинг, ш.Панҷакент ба редаксия занг зада, дар мавриди буридани дарахтон, ҷаримаи он ва ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкорон тибқи қонун пурсиданд. Дар пайи ин мо тасмим гирифтем бо масъулони Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ вохӯрда, дар бораи буриши ғайриқонунии ҷангалзор ва дарахтони сояафкан дар кишвар, чораҳои нисбати бурандагони дарахтон андешидашуда ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо пурсон шавем.

Чинор ва арча-дарахтони муҳимтарин

Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Раҷабалӣ Сафарзода, муовини сардори Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ иброз дошт, дар 6 моҳи аввали с.2019 аз ҷониби шӯъбаи мазкур доир ба буриши ғайриқонунии ҷангалзор ва дарахтони сояафкан 69 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба миқдори 1174 м. куб ҳезум мусодира шудааст, ки ин назар ба ҳамин давраи с.2018 422,4 куб кам аст. Маблағи зарари он ба табиат дар ин давра 140880 сомонӣ (1 метри кубӣ ба ҳисоби миёна 120 сомонӣ) ҳисобида шудааст. 

Шӯъбаи милитсияи экологӣ дар ноҳияҳои тобеи марказ дар 6-моҳаи якуми соли ҷорӣ 10 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба миқдори 215 метри кубӣ ҳезум мусодира кардааст. Дар ш.Душанбе бошад дар ин муддат 20 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба миқдори 272 м.кубӣ ҳезум мусодира шуда, дар вил.Суғд ин нишондод 30 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мусодираи 142 м.кубӣ ҳезумро нишон медиҳад. Шӯъбаи милитсияи экологӣ дар вил.Хатлон бошад дар нимсолаи якуми соли равон 5 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 209 м.кубӣ ҳезум мусодира кардааст. Дар минтақа ва ноҳияҳои Кӯлоб 2 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мусодираи 286 м.кубӣ ҳезум ва дар минтақа ва ноҳияҳои Рашт бошад дар ин муддат 1 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо мусодираи 50 м.кубӣ ҳезум ба қайд гирифта шудааст.

-Дарахтони чинору арча аҳамияти муҳим ва худсарона буридани онҳо ҷавобгарии ҷиддӣ доранд. Ғайр аз ҷарима зарари расидаи шаҳрванд ҳангоми буридани дарахт ба муҳити зист низ ҳисобида мешавад. Барои шахсони воқеӣ тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷаримаи ин амал аз 5 то 10 ва гоҳо аз 15 то 20 нишондодро ташкил менамояд. Барои шахсони мансабдор бошад ҷарима барои худсарона буридани дарахтон аз 50 то 60 нишондод ва барои шахсони ҳуқуқӣ тибқи чанд моддаи ин Кодекс аз 100 то 300 нишондодро тақозо менамояд, - таъкид медорад Р.Сафарзода.

Ҳезум ба ятимхонаҳо…

Ҳезуми мусодирашуда пас аз ба расмият даровардану ба тасвиб расидани асноди лозима, баррасӣ ва омӯзиш ба бархе аз муассисаҳои иҷтимоии мамлакат дода мешавад. Аз ҷумла, дар нимсолаи якуми с.2019 аз ҷониби Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ ба Хонаи кӯдакони ш.Турсунзода, ба Раёсати қушунҳои дохилаи ВКД ҶТ, ба «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода», ба машқгоҳи Мағоб, ба қисми ҳарбии №5453, ба Коллеҷи оташнишонии ВКД ҶТ, ба 1 қатор мактабҳои таҳсилоти миёна ва мактаб-интернатҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Кӯлоб ва ноҳияҳои Б.Ғафуров, Айнӣ, Деваштич, Мӯъминобод, Тоҷикобод ва Рашт ба таври ройгон супорида шуд. 

Дарахти бесоҳиб нест!!!

Сафарзода таъкид медорад, дар Тоҷикистон дарахти бесоҳиб нест ва буриши ғайриқонунии он низ ҷиноят маҳсуб мешавад.

-Сокинони кишвар фикр накунанд, ки дарахтоне, ки дар кӯчаву хиёбон, талу теппаву адиру кӯҳистон месабзанд, соҳиб надоранду буридани онҳо осон аст. Ҳар 1 дарахти ҳудуди кишвар соҳиб дорад ва соҳиби ин дарахтон ҳукумати ҷумҳурист, ки назорати ҷангалзор ва дарахтзори мамлакатро тавассути сохтору ниҳодҳои зертобеаш пеш мебарад. Ғайр аз Шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ боз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ асту кормандони ин 2 сохтор дар самти эмин нигоҳ доштани ҷангалзор ва дарахтзори мамлакат якҷоя кор мекунанд. Сокинон бояд бидонанд, ки пеш аз буридани ҳар гуна дарахт, ҳатто хушкшуда пеш аз ҳама бояд ба идораи ҳифзи муҳити зисти маҳалашон муроҷиат кунанд ва танҳо пас аз ба даст овардани ҳуҷҷатҳои лозима метавонанд дарахтонро бибуранд, - афзуд Р.Сафарзода.

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

Матлабҳои дигар