Принт

Ҳуҷуми мусаллаҳона ба «Ишқобод»: 2 кушта, 15 нафар маҳв ва 4 террорист дастгир шуд

 

Барои халалдор кардани вазъ, дар дили шаби 6 ноябр, душманони амну осоиштагии кишвар ба яке аз дидбонгоҳҳои марзии мо ҳуҷум карданд. Вале тирашон хок хӯрд. Куллан маҳв ва бархе боздошт гардид. Мо Метавонем!

Шаби 5 ба 6 ноябр, соати 03.23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод»-и н.Рӯдакӣ, ки дар сарҳади байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дорад, ҳуҷум карда, зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд.

    Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, дар натиҷаи думболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ, ки ба ҷониби деҳаи Эсанбойи н.Рӯдакӣ фирор карданӣ буданд, дастгир гардиданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид. Айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, амалиёт ҷиҳати муайян намудани алоқаҳои гурӯҳи ҷинояткор идома дорад.

Ин дидбонгоҳ миёни кишварҳои Тоҷикистону Узбекистон қарор дорад. Дар зимн овозаҳо нисбат ба ҳуҷуми шояд ӯзбектаборон ба дидбонгоҳи Тоҷикистон паҳн гардид. Мутмаин месозем, ки миёни 2 кишвари ҳамсоя ягон нофаҳмӣ нест. Баракс, ҳоло демаркатсия ё худ аломатгузории марз бо ин кишвари дӯст, муташаккилона давом дорад. Овозаҳои бадхоҳоне, ки менависанд, дар мавзеи Мастчоҳ ҷониби Ӯзбекистон 300 га замини моро тасарруф кардааст, низ бархатост. Ин замин бар ивази ҳамин миқдор замин дар дигар ҷониби вилояти Суғд ва бар суди Тоҷикистон, ба тарафи Ӯзбекистон вогузошта шудааст. Ҳадафи гурӯҳи тахрибкор низ шояд ҳамин буд, ки намехоҳанд муносиботи 2 кишвар ҳасана бошанд ва зимнан маҳз ин мавзеъро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар асл ин 1 амалиёти тарҳрезишудаи ба номи ДИИШ маҳсуб меравад.    

Бино ба иттиллои маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ,  дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дод, санаи 3.11.2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус (ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд), бо истифода аз торикии шаб, хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди н.Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд. Мардуми огоҳ аз мавзеъ медонанд, ки ин дидбонгоҳҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон қарор дошта бошанд ҳам, наздикӣ бо марзи Афғонистон доранд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҳоло тафтишот муайян карданист, ки гуруҳҳои тахрибкори аҷнабӣ аз куҷо соҳиби мошину нақлиёт гардидаанд. Ин дуздист ва ё онҳо дар ин сӯи марз ҳамкорони хешро доштанд. 

 

Матлабҳои дигар