Принт

Ифтитоҳи нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар гузаргоҳҳои «Cаразм» ва «Фотеҳобод»

 Рӯзи 20.11.2019 дар назди гузаргоҳи наздисарҳадии «Фотеҳобод»-и н.Мастчоҳ нуқтаи нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ҳафтаи гузашта ҳамин гуна нуқтаи хизматрасонӣ дар гузаргоҳи наздисарҳадии «Саразм»-и ш.Панҷакент мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад.

    Бояд гуфт, ки нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар н.Мастчоҳ 4-умин нуқтаи хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар вил.Суғд аст, ки дари худро барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ боз намудааст. Дар ин гуна нуқтаҳои хизматрасонӣ, ки дар мавзеъҳои намоёну дастрас ҷойгиранд, сайёҳи муроҷиаткунанда метавонад барои муоширати мобилӣ аз ширкати Tcell симкорти сайёҳии ройгон дастрас намояд, ки дар тавозуни он 100 дақиқа вақт барои зангҳои телефонӣ ва 100 мегабайт интернет барои истифода то ба охир расидани мӯҳлати раводид, ки 45 шабонарӯзро дар бар мегирад, мавҷуд аст. Ҳангоми дар қайд гузоштан муҳлат тамдид карда мешавад. Ҳамзамон тариқи бастани шартомаи тарафайн бо шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ба сайёҳ хизматрасонии роҳбаладӣ аз ҳисоби кормандони милитсияи сайёҳӣ расонида мешавад.

    Тибқи маълумоти шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД давоми 9 моҳи соли 2019 тариқи гузаргоҳҳои сарҳадии вил.Суғд 46 600 сайёҳ вориди Тоҷикистон шудааст. 

 

Матлабҳои дигар