ХАБАРИ ДОҒ

«Гӯшаи мактубҳо» ё саҳифаи арзу шикоят куҷо шуданд?

  • Чоршанбе, Дек 11 2019

 

 Дар  замони Шӯравӣ дар тамоми рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ «Гӯшаи мактубҳо»  вуҷуд дошт. Дар он мардум арзу шикоят, таклиф ва дархостҳою дарди дили хешро менавиштанд. Рӯзномаҳо мактубҳоро  чоп намуда, ба саволу арзу шикоятҳои меҳнаткашон хаттӣ ҷавоб мегардонданд. Аз ин мардум хушнуду қаноатбахш мегаштанд. Рӯзномаро онҳо мададгор ва такягоҳ ва ҳомии хеш медонистанд ва онҳо ба рӯзномаҳо мунтазам обуна мешуданд.

Аз чӣ сабаб ва чӣ боис гаштааст, ки имрӯз «Гӯшаи мактубҳо» аз рӯзномаҳо бардошта шудаанд? Ягон фармон ё супориш аз боло бошад ё худи рӯзномаҳо инро намехоҳанд? Охир, давлати мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Бигзор, тамоми мардум арзу шикояти худро бемалол нависанд. Рӯзномаҳо ба арзу шикояти онҳо расанд. Таклифу пешниҳодҳояшонро перомуни ободкориву созандагӣ, бунёдкориву эҷодкорӣ нависанд. «Ҳамаро ҳамагон  медонанд», - мегӯяд бузурге. Дар рушду нумуи Ватани азизамон ҳамагон бояд масъул бошему ширкат варзем. Рӯзномаҳо, ки минбари халқ, оинаи давр номида мешаванд, бигзор, мардум дар он пешрафту камбудиҳоро бинанд, аз он минбар баромад кунанд. Рӯзномаҳо таърифномаҳо  шуданд. Ба чашму гӯши баъзе курсинишинҳо калимаи «танқид» - намефорад. Агар онҳо илоҷ ёбанд, аз алфавит ин ҳарфҳоро қайчӣ мекунанд: «т», «а», «н», «қ», «и», «д». 

Газетаи «СССР» ягона ҳафтаворест, ки ба дарди мардум мехӯрад. Он минбари арзу шикояти мардум буду ҳаст ва хоҳад монд. Он газетаи ҳақпарасту ҳақнигор дар дилу дидаи мардум хоҳад буд.

Исмоил Ҷабинзода, н. Муъминобод 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter