Принт

Биноҳои «Сохтмони манзили дастрас»-850 оила соҳиби хона гардиданд!

   Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе дар арафаи фарорасии соли нави милодии 2020 маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии КВД "Сохтмони манзили дастрас", воқеъ  дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраевро мавриди истифода қарор дод. 

   Бояд гуфт, ки сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013-ум оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун кашол ёфта буд. Шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018-ум бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ аз нав вусъати тоза пайдо карданд. Аз ҷониби КВД “Сохтмони манзили дастрас” бунёди 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои 18-ошёна ва 1 бинои 20-ошёна дар муддати начандон тулонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

   Тибқи маълумоти масъулин «Шӯрои нозирон”-и корхона, ки бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр моҳи апрели соли 2018-ум таъсис дода шуд, ҷиҳати ҳалли саривақтии ҳамагуна мушкилот дар раванди корҳои сохтмонӣ нақши муҳим бозид.

Ба ҳайати “Шӯрои нозирон” намояндагони Раёсати сохтмони асосии шаҳр, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашии САНИИОСП”, дигар сохторҳои марбута ва худи саҳмгузорони манзилҳои истиқоматӣ шомил буданд. Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкати соҳибтаҷрибаи сохтмонӣ,  азҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Нури Шамс”, “Иқлими соф”, “Саймо”, “Фарзин-7”, “Агротехстрой”, “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи балансифат марҳила ба марҳила иҷро намуданд.

   Дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи  касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд. Аз ин шумора 470-адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд. Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст. Масоҳати умумии хонаҳо дар маҷмуъ   54 ҳазору 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

 

 

 

Матлабҳои дигар