Принт

№20-хатсайри нави автобусӣ дар пойтахт

   Сар аз имрӯз, 8.01.2020 хатсайри нави автобусии №20 (маҳаллаи Пахтакор- собиқ мағозаи Волга) (ДОК) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбону кӯчаҳои  Борбад, Шестопалов, Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, Ҷ.Икромӣ, Бухоро, М.Турсунзода, Беҳзод, Д.Халқҳо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунанд.     Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт  мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА», ки пардохти ҳаққи роҳкиро дар онҳо тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст, истифода баранд.   

 

Матлабҳои дигар