ХАБАРИ ДОҒ

Мушкили биноҳои баҳснок дар пойтахт ҳал мешаванд!

  • Панҷшанбе, Фев 13 2020

    Соли 2017 1 гурӯҳи кории ҳукумати ш.Душанбе якҷоя бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Комиссияи байниидоравӣ ташкил гардида, дар натиҷаи кори он маълум шуд, ки дар пойтахт 273 хонаҳо-биноҳои баҳснок вуҷуд доранд. Ин биноҳо нимсохт, аз ташхис нагузашта ва бе иҷозатнома буда, бо ташкили Комиссия то ба имрӯз 194 бино аз ташхиси давлатӣ гузаронида шуда, 79 адад мондаанд, аз ин шумора 20-тоаш дар барасӣ қарор доранд. Дар ин бора Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.

   Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе нақшаи дурнамои тахриби биноҳои фарсудашуда ва дар навбати аввал биноҳои камошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордоштаро тартиб дода, онро давра ба давра  то соли 2025 амалӣ менамояд. Дар ҳудуди заминҳои ба пойтахт аз ҳисоби  заминҳои н.Рӯдакӣ воридшуда мутобиқи Нақшаи генералии тасдиқшудаи ш.Душанбе сохтмони инфрасохтори шаҳр, маҷмааҳои шаҳрофар, иншооти варзишӣ, биноҳои намоишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва майдонҳо ба  нақша гирифта шудаанд,- афзуд М.Зувайдзода.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter