Принт

Таксиҳои “кӯҳна”-ро аз пойтахт мебароранд?

    Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси ш.Душанбе дар робита ба аз фаъолият дар пойтахт баровардани автомашинаҳои сабукрави соли истеҳсолашон то 2014, хосса таксиҳо афзд, ки ин амал бо ибтикори Вазорати нақлиёти ҶТ сурат гирифта, ҳанӯз қарори аз байн бурдани онҳо мушаххас нест.

   -Айни ҳол таксиҳо дар ҳолати омӯзишӣ қарор доранд. Шояд баъдан қисми дар ҳолати хуб қарор доштаашонро монанду, қисми дигарашро барои ҳаракати байни ноҳияҳо роҳандозӣ намоянд. Эҳтимол аст, ки ин автомашинаҳоро аз хатсайри кӯчаҳои марказӣ бароварда, ҳаракати онҳоро дар дар дигар кӯчаҳо иҷозат дода шавад. Барои таъмин кардани ронандаҳо бо ҷойи кор чораҳо меандешанд. Бо вориди таксиҳои нав ронандаҳо метавонанд бо ҷойи кори нав таъмин шаванд, - иброз дошт мавсуф.

   Инчунин дар нишаст, роҷеъ ба автомашинаҳои сабукраве, ки дар хатсайрҳои №№ 8, 3 ба хизматрасонии таксиҳо 5 сомонӣ-“нелегалӣ”машғуланд саволҳо пешниҳод шуд, ки чаро ин таксиҳо то ҳол ҳаракат мекунанд, намешавад, ки инҳо ҳамчун 1 таксӣ ё нақлиётии ҷамъиятӣ расмӣ шаванд. Муовини раиси ш.Душанбе вобаста ба ин суолҷо посх дод, ки ин масъала чандин бор мавриди барасӣ қарор гирифта, шаҳрдорӣ фаъолияти чандин чунин таксиҳоро қатъ намудааст. 

   -Аксари ронандаҳои ин автомашинаҳо сокинони пойтахт нестанд. Барои ҳалли ягон мушкилӣ, меҳмонӣ ё зисти муваққатӣ аз дигар ноҳияву деҳот, ҳатто аз н.Мурғоб низ ба шаҳр меоянд. То аз шаҳр рафтанашон онҳо дар ин ҷо чанд рӯз кор мекунанд. Мо барои 1-2 рӯз мондани онҳо наметавонем ҳаракати нақлиёти онҳоро ҳамчун таксиҳои расмӣ имзо кунем, гуфт ӯ.

 

Ситора Сафарова, СССР

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар