ХАБАРИ ДОҒ

Суғд: Хизматрасонии тиббии пулакӣ тариқи бонк...

  • Ҷумъа, Фев 14 2020

Қарор аст, ки дар Суғд пардохти  хизматрасониҳои тиббии пулакӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Гуфта мешавад, ки амалиётҳои пардохтӣ дар ин самт аз ҷониби Бонки давлатии Амонатбонк анҷом дода мешавад.  Ба таъкиди масъулини раёсати тандурустии вилоят  алакай дар чанде аз бемористонҳои Суғд терминалҳои махсус барои пардохти хизматрасониҳои тибби музднок насб гардидаанд.  

 Дар робита ба ин масъала Маъруфҷон Абдураҳмонов, Мудири бахши механизми нави маблағгузории Раёсати тандурустии вилояти Суғд, зимни нишасти хабарии сардори ин раёсат иттилоъ дод. Номбурда мегӯяд, набудани терминалҳо дар ҳама муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз мушкилиҳои асосиест, ки сокинон наметавонанд,  дар ҳама бемористонҳо хизматрасониҳои пулакиро тариқи ғайринақдӣ анҷом диҳанд.:

- Аз соли 2019 ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Агар бонк дар семоҳаи соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои тиббии системаи давлатии тандурустӣ терминалҳои худро барои пардохти хизматрасониҳои пулакӣ насб кунад, сокинон имкон доранд, пардохтҳои пулакии тибиро тавассути корҳои пластикӣ анҷом диҳанд, гуфт Абдураҳмонов.

  Дар ҳоле, ки бино ба таҳлилҳои оҷонсии зидди фасод дар кишвар соҳаи тандурустӣ аз соҳаҳои фасодзада маҳсуб мешавад, таҳлилгарон мегӯянд, ба таври пурра ба роҳ мондани ҳамаи намуди пардохтҳои хизматрасонии тиббии музднок, то ҷое барои ҷилавгирӣ аз омилҳои порагирии кормандони тиб мусоидат мекунад.

 Ҷоиз ба зикр аст, ки дар Суғд 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардонидашуда ва 247 муассисаи хусусӣ  фаъолият дорад

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Махсус барои СССР

 

1 Паём

  • Шарҳр додан касал Душанбе, 17 Феврал 2020 15:47 Паём аз касал

    боз як намуди пулкоркуни аст, бемор то маблаґи муоличаро месупорад ки дар хамон Амонатбонк мемурад

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter