ХАБАРИ ДОҒ

Волонтёрони дағали “Сity cart”

  • Чоршанбе, Март 18 2020

 

4.03.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:46 дақиқа. Ба назди терминали истгоҳи Гулистон рафтам, то “Сity cart” дастрас намоям. Ҳол он ки дастрас намудани “Сity cart” аз терминалҳо айни ҳол барои мо сокинони шаҳри Душанбе хело душвор шудааст. Аҷиб аст, ки мардум пул медиҳаду саргардон аст. Мефаҳмам, агар “Сity cart” арзон, ройгон ё ақаллан имтиёзнок бошад. Пул медиҳем, вале карта нест. Инро чӣ хел фаҳмем? 

Бо чанд сокини пойтахт ҳамсуҳбат шудам. Маълум гашт, аз сабаби сари вақт дастрас накардани корти нақлиётӣ -“Сity cart” аз кор ва дарс дер мемонанд.

Сокини ш. Душанбе бо номи Фарибон зимни сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, ки дастрас намудани  “Сity card” барои мо ҷавонон хело душвор аст, бахусус дар рӯзҳои боронӣ ҳолатҳое мешавад, ки терминалҳо кор намекунанд. 

Ҳамсӯҳбати дигари мо донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзода Азизи Муйин низ чунин ибрози ақида намуд:

   -Санаи 26.02.2020, соати 16:10 дақиқа ба автобуси хатсайри №2 савор шудам. Пеш  аз дохил шуданам доду ғавғои мардум гӯшамро харошид. Ҳайрон шуда, дохили автобус шудам. Дар дохили автобус  1 волонтёр ба ҳар мусофири саворшуда, дағалона муносибат намуда, мардумро маҷбур менамуд, ки “Сity card”-и дар дасташ бударо бихаранд. Дар ин ҳолат бисёре аз донишҷуён гуфтанд, ки ҳоло мо дар даст ҳамагӣ 1 сомонию 40 дирам дорем, чӣ кор кунем, пиёда ба хонаамон равем? Ин  волонтёр, ки таъби ҳамаро хира карда, худ шоҳу табъаш вазир буд,  то ҳадде бадахлоқ ҳам менамуд. Фарзи мисол, 1 зан дохили автобус шуд, волонтёр дод зада гуфт, ки зудтар корт харад, вагарна ронанда вайро аз дохили автобус берун хоҳад кард. 

Ман ба наздаш рафтаму худамро муаррифӣ намудам. Гуфтам хабарнигори СССР мебошам ва ин рафторатон аз рӯи қонун нест. Волонтёр ба мисли ҳавопаймо аз дохили автобус парида нопадид гашт. Пасон аз ронанда пурсидам, ки ин чӣ гап аст? Чаро ба ин волонтёр касе чизе намегӯяд? Ронанда дар ҷавоб гуфт:

 -Волонтёрон сари моро аллакай гаранг кардаанд, чӣ кор кунем, ки ҳар рӯз бо ҳамингуна бадахлоқон рӯ бу рӯ мешавем.

Мусофирони азиз! Агар зимни сафар дар нақлиёти ҷамъиятӣ бо чунин волонтёрони ҷавони дағал вохӯрдед, ҳатман аз чунин бархӯрди онҳо ба шӯъбаи нақлиёти МИҲД ш.Душанбе, ширкати “Авесто Гурӯҳ” ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва газетаи мардумии СССР шикоят кунед. Мо онҳоро ба хари худашон мешинонем. Мо Метавонем!

 

Омиронаи Сайёф, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter