Принт

Кӯшонён: безараргардонӣ идома дорад

  Айни замон тамоми биноҳо, утоқҳои кории ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, кӯчаю хиёбонҳо, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, ошхонаҳо, муассисаҳои динӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар н.Кушониён аз тарафи мутахассисон пурра бо маҳлули «Гиперхлорид» безарар гардонида шуда истодаанд. 

   Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи мазкур иброз дошт, ин амал дар асоси супориши Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон оид ба гузаронидани чорабиниҳои дезинфексионӣ, ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз тарафи кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия ва Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ ва шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ гузаронида шуда, ин тадбирҳо баҳри саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ равона гаштаанд.

   Дар ноҳия аз тарафи масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти буклетҳо, маводҳои чопӣ оид ба пешгирии бемории сироятӣ ва безараргардонӣ бо маром идома дорад.

 

Баҳодури Абдусалом, СССР, Хатлон

 

Матлабҳои дигар