Принт

Вақте саломатии миллат дар хатар аст...

Як моҳ пеш ҳамроҳи дустонам ба ноҳияи Варзоб рафта будем. Нигоҳи маро зимни сафар на танҳо манзараҳои кӯҳу даман, ободии роҳҳо, балки теъдоди зиёди бӯстонсарову меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову ва истироҳатгоҳҳои шахсию давлатӣ ва сарҷамъии гулдухтаракони чаканпӯш ҷалб менамуд, ки аз канори роҳ ба ба сӯи талу теппаҳо равона буданд. Медидем, ки онҳо бо ҳазор ҳавас дар назди чашмасорон, соҳилҳои пургулу гиёҳи рӯдҳои кӯҳӣ нишаста, машғули тамошо, наворгирӣ буданд... 

Баргаштагон зиёду ҷой кам...

Хуруҷ ва паҳн шудани коронавирус тамоми мардумро имрӯз ба таҳлука дароварда, зиёда аз 600 ҳазор нафар дар дунё гирифтори ин беморӣ гашта,  наздики 30 ҳазор нафари дигар алакай фавтидаанд. То ин дам зиёда аз 1000 нафар муҳоҷирони тоҷикро бо кӯмак ва дастгирии сарвари давлатамон ба Ватан  баргардонидаанд. Баргаштагон бояд то муддати 14 рӯз берун аз шаҳр дар карантин қарор гиранд ва табибон барои бартараф намудани ҳар гуна хавф саъю талоши худро карда истодаанд. Ва ҳоло мушкили асосӣ танҳо мутахассисон нест, мушкили асосӣ ин аст, ки барои таъмини бехатарии мардум макони бештар лозим буда, он истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои мавҷуда алакай пур шуда, барои баргаштагон камбуди ҷой ба назар расида истодааст. Яъне, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ҶТ имрӯз ниёз ба ҷойҳои бештаре дорад, то мардуми аз хориҷ ба Ватан баргаштаро тавонад бо карантини 14-рӯза фаро бигирад.

Агар бо миллатед, пас миллат бо шумост!

Нафароне ҳастанд, ки бо фахр ва ғурур мегӯянд, ки мо миллати тоҷикем ва Тоҷикистони худро дӯст медорем. Агар ин тавр аст ман ба ана ҳамон нафарон гуфтаниям, ки Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар ҳоло ба дастгирии шумо сахт ниёз дорад! Агар шумо миллатро дар чунин рӯзи сахт танҳо гузоштаеду ба миллати худ кӯмак намекунед, пас дар рӯзи хурсандияш низ дар бараш набошед беҳтар аст! Андеша карда, аз пешомади ин ҳодиса ба миллати худ ёрӣ расонед, зеро агар дар рӯзи сахтарин миллатро танҳо гузоштаед, пас бидонед дигар шумо низ ба миллат даркор нестед! Баъд аз ин ҳама суханҳо суоле ба миён меояд, ки  оё нафаре пайдо мешавад, ки истироҳатгоҳои шахсии худро баҳри саломатии ҷомеа фидо намояд? Ку, вазирону раисон ва мансабдорон! Кадоме аз шумо дачаву хонаи истироҳату истироҳатгоҳҳои хешро холӣ карда, дар паҳлӯи миллату давлат хоҳад шуд!?

Омиронаи Сайёф, СССР

 

 

Матлабҳои дигар