ХАБАРИ ДОҒ

Валаъамат Мусоева-бонуи сиёсатмадори Раштонзамин

  • Чоршанбе, Июл 15 2020

  

Занони номвари водии Раштонзамин дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ вазифаҳои пурмасъулро ба ӯҳда дошта, баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми боризи худро гузоштаанд. Яке аз бонувони фаъол, маорифпарвар ва сиёсатмадори варзидаи даври худ ин Валаъмат Мусоева мебошад. Ӯ дар байни 36 мард ягона зан буд, ки дар ҳайати дастгоҳи роҳбарикунандаи ноҳияи Ҳойит дар вазифаи мудири маориф, сардори таъминоти иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷонишини раиси комиҷроияи ноҳияи Ҳойит кор ва фаъолият намудааст.

   Валаъмат Мӯсоева соли 1912 дар деҳаи Шоеви собиқ н.Ҳойити вилояти собиқ Ғарм (имрӯза Рашт) дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолиаш  ба соҳаи илму маърифат даст зада, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла  занон омӯзгориро ба ӯҳда дошт. Соли 1938 Валаъмат Мӯсоева аз ҷумлаи бонувони Қаротегин ба номзад ба вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон пешниҳод шуда, якдилона овоз гирифту интихоб гашт. Ӯ дар ду даъват солҳои 1938-1947 ва 1947-1951 вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд.

Дере нагузашта ин муаллимаи ҷавонро ба кори масъули роҳбарияти мудири шуъбаи маорифи халқи н.Ҳойит пешниҳод карданд. 

   Хизматҳои шоистаи ӯ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва заминларзаи соли 1949 хеле назаррас аст. Солҳои 1951-1952 мактаби ҳизбии назди КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ш.Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1952-1954 муовини раиси комиҷроияи н.Ҷиргатол ва аз соли 1954 то соли 1958 муовини раиси комиҷроияи н.Варзоб кору фаъолият намудааст. Соли 1958-1959 Валаъмат Мусоева як муддат раиси занони н.Октябр (ҳоло И.Сомонӣ)-и ш.Душанбе буд. Валаъмат Мусоева бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ ночор шуда аз мансабҳои давлатӣ даст кашида, аз соли 1955 то соли 1957 мудири фермаи колхози Сталини н.Ҳисор, чанде раиси ҷамоати Чортеппаи имрӯза н.Рӯдакӣ кор ва фаъолият намудааст. Мавсуф соли 1960 ба нафақа баромада, 30 майи соли 1964 дар ш.Душанбе вафот кард. 

  Аз ӯ ду фарзанди номдор яке Артисти халқии Тоҷикистон Зафар Нозим, дигаре Рафоъат Нозимова-китобдори номӣ, Аълочии фарҳанги  Тоҷикистон, Корманди собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи номи А. Фирдавсӣ боқӣ мондаанд.

Муҳамадҷон Сафаров, 

омӯзгори фанни таърих 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter