Принт

Нафақа-баробари 1 халта орд...

 

    Давлат Сафаров иштирокчии ҷанги шаҳрвандӣ буда ба гурӯҳи дуюми шахсони имконияташон маҳдуд мансуб аст. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки тули 15 сол нафақа намегирифт ва танҳо 6 соли охир бо маблағи 260 сомонӣ бо нафақаи меҳнатӣ таъмин гардидааст. Ҳамчунин бо изҳори нигаронӣ бобои Давлат таъкид кард бо маблағи нафақа чӣ гуна метавон зиндагиро таъмин намуд, чунки танҳо 1 халта орд дар бозорҳои кишвар зиёда аз 200 сомонӣ арзиш дорад.

   Дар вилояти Хатлон шумораи нафақагирони шахсони имконияти маҳдуддошта зиёда аз 52 ҳазору 944 нафар номнавис шудаанд. Аз ин шумора зиёда аз 5 ҳазор ба гурӯҳи якум, бештар аз 24 ҳазор ба гурӯҳи дуюм ва зиёда аз 12 ҳазор ба гурӯҳи сеюми шахсони имконияташон маҳдуд шомиланд. Дар давоми 6-моҳи соли равон беш аз 14 миллион сомонӣ маблағи нафақа пардохт шудааст.  

   Давлат Сафаров мегӯяд: ташхиси тиббӣ барои мо пулакӣ буда ва дар баробари дигар нафарон бо навбат дари беморхонаро мекубему навбат мепоем. Дар ҳоле, ки дар моддаи 16-и Қонуни ҶТ “дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” омадааст, ки “маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ бе навбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалӣ табобат бо тартиби муқараргардидаи Ҳукумати ҶТ ҳуқуқ доранд”. Аммо амалигардии ин моддаи қонуни мазкурро ҳамсуҳбатони мо инкор менамоянд.

   Дар баробари ин боз ҳастанд нафарони имконияти маҳдуддоштае, ки наметавонанд бо нафақаи муайянгардида зиндагиашонро пеш баранд. Насиба Чутбоева ба гурӯҳи якуми шахсони имконияти маҳдуддошта шомил буда, наздики 200 сомонӣ нафақа мегирад, ки ин маблағ барои пешбурди зиндагӣ нокифоя аст. Ӯ мегуяд, ки барои зиёд намудани нафақа муроҷиат кардан мехоҳад, вале ҳамоно имкони аз ҷой бархестанро надорад, ки ин барои боз ҳам танг шудани вазъи зиндагӣ ва бад гардидани ҳолати саломатӣ гашта истодааст.

   Нафақа барои шахсони имконияти маҳдуддошта мувофиқи моддаи 31-уми Қонуни ҶТ “дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муайян карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин дар баробари ин нафароне низ ҳастанд, ки зери ин ном нафақаи маъюбӣ мегирифтанд, ки дар соли 2019 дар вилояти Хатлон зиёда аз 57 нафари онҳо ҳангоми аз ташхиси тиббӣ гузаштан муайян шуда, нафақаашон қатъ карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ҳарчанд тайи солҳои охир дар кишварамон ба нафарони имконияташон маҳдуд тавачҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Аммо ба назари коршиносон то ба ҳол дар ин самт мушкилиҳо ҷой доранд.Чунки яке аз омилҳои паст будани нафақа ва дигаре аз нагирифтани он изҳори нигаронӣ мекунанд. 

                                                          

Мубораки Қосим, ш.Бохтар

 

 

Матлабҳои дигар