Принт

Доктор Нодирхон

(Нuman story)

Ошноии мо бо доктор Нодирхон Ҳакимов дар деҳаи Шкеви ноҳияи Дарвоз ғайричамшдошт сурат гирифт. Эшон писарамаи журналисти шинохтаи тоҷик Парвона Аҳрорӣ буда, зимни сафари ахир ба ин минтақа бону Парвона маро ҳам бо худ ба хонаи хешовандони падариаш ба деҳаи Шкев бурд. Нахуст мо ба ҳавлие даромадем, ки дар он падари мавсуф олим, адабиётшинос ва нависанда Зоҳир Аҳрорӣ таваллуд шудаанд. Имрӯз он ҳавлӣ соҳибони дигар дорад, вале чанд санге, ки ҳанӯз солҳои 1930-1940 дар ҳудуди ҳавлии падарии Зоҳир Аҳрорӣ қарор дошт, то ба ҳол арзи вуҷуд дошта, касе дар тӯли қариб 100 соли ахир кӯшиши онҳоро аз ҷой ҷумбондан накардааст-шкевчиҳо мегӯянд, ки ин сангҳо таърихи деҳаанд. Доктор Нодирхон Ҳакимов, ки ҷияни Зоҳир Аҳрорӣ аст, чанд хона болотар зиндагӣ мекунад. 

Шогирди Исҳоқиву Ғуломову Калштейн

Доктор Нодирхон Ҳакимов Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Синоро соли 1980 бо тахассуси духтур-анестезиолог хатм кардааст. Ӯ мегӯяд, ки шогирди беҳтарин устодони давру замон ва аср буд, зеро ба ӯ Юсуф Исҳоқиву Минҳоҷ Ғуломову Лев Калштейн дарс гуфтаанду, дар 1 курс бо вай фарзандони Исҳоқиву Аҳмад Бобоқулов таҳсил намуда, яке аз табибони машҳури кишвар Белла Вовси низ аз ҳамгурӯҳони доктор Нодирхон ба ҳисоб меравад.

   - Бештар аз ҳама бароям тағоям Зоҳир Аҳрорӣ ҳаққи устодӣ дорад, устод дар зиндагӣ. Худ, ки дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ сахтиҳои зиёде кашида буд, моро низ намегузошт беҳуда пул сарф кунем. Эрка ҳам намекард ва ҳеҷ гоҳ ба даст пул ҳам намедод, аммо янгаи азизам гоҳ-гоҳе пинҳонӣ аз тағоям пул медод, то сарулибос бигирам, мегӯяд доктор.

14 соли 1 ҷарроҳи тоҷик дар Афғонистон

Пас аз хатми донишгоҳ доктор Нодирхон ба зодгоҳаш баргашта, солҳои зиёд дар Беморхонаи марказии н.Дарвоз ба ҳайси доктор-анестезиолог ва доктор-ҷарроҳ кор мекунад. Соли 2006 тавассути Барномаи тандурустии Бунёди Оғохон дар Тоҷикистону Афғонистон доктор Нодирхонро барои кор ба вулусволии ҳаммарзи Дарвоз-Нусвай мефиристанд ва мавсуф то соли 2019, яъне 14 сол дар ноҳияҳои Кӯф, Хоҳон, Шкай, Нусай ва Моҳимайи ин вилоят кор карда, яке аз нахустин нафаронест, ки гузаронидани амалиётҳои хурди ҷарроҳиро дар ин минтақа ба роҳ мондааст.

   - Аз рӯи барнома мо бояд бештар дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак кор мекардем. Вақте дидам, ки сокинони деҳаҳои дурдаст аз варами кӯррӯда-апендитсит мемиранд, ба гузаронидани амалиётҳо сар кардам ва шояд дар тӯли 14 сол ҳазорҳо нафарро аз марг наҷот дода бошам. Дар муддати корӣ чанд шогирд омода кардааму айни замони онҳо, ки хатмкардагони донишгоҳҳои тиббии Файзободу Пули Хумрӣ, Тахору Мазори Шариф мебошанд, метавонанд амалиётҳои хурди ҷарроҳиро мустақилона анҷом диҳанд, - таъкид медорад доктор.

Пас аз баргаштан ба Ватан матбуоти афғонӣ дар бораи доктор соҳиб Нодирхон чанд матлабе навишта, аз эшон ба некӣ ёд карда буду сокинони Нусвай хоҳиш доштанд, ки «доктори шӯравӣ»-ро дубора баргардонанд. Вале бо назардошти вазъияти пандемия дар ҷаҳон ин кор ғайриимкон гашту доктор Нодирхон ҳамарӯза тавассути алоқаи телефонӣ аз кори шогирдони афғонаш воқиф аст. Эшон ҳоло ба нафақа баромада бошад ҳам барои маслиҳату машварат ҳар рӯз 1 маротиба ба беморхонаи ноҳиявӣ рафта меояд.

 - Дар гузаронидани амалиёти мушкил ба бачаҳо кӯмак мекунам, аммо бештар назорат ва маслиҳат медиҳам, бигузор худашон анҷом диҳанд ва ёд бигиранд. Мо бояд ба онҳо роҳ кушоем, агар ин тавр ёд нагиранд, пас кай ёд мегиранд ва кӣ барояшон ёд медиҳад?, - иброз медорад ӯ.

Бояд гуфт, ки дар оғози авҷ ва хуруҷи бемории сироятии коронавирус Шералӣ Кабиров, тоҷири шинохта ва фарзанди барӯманди ин диёр ба Беморхонаи марказии н.Дарвоз 2 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ҳадя мекунад. Доктор Нодирхонро бошад ба Душанбе даъват менамоянд, то кор бо ин дастгоҳро ба хубӣ омӯзад. Доктор шабона ба роҳ баромада, дар тӯли 2 рӯз тамоми нозукиҳои кор бо дастгоҳи ИВЛ-ро дар Душанбе омӯхта, боз оҷилан ба Дарвоз бармегардад.

Фарзандони Тоҷикистон

Доктор Нодирхон Ҳакимов 5 фарзанд дорад ва ҳамаи онҳо дар гӯшаю канори Тоҷикистон машғул ба коранд. Фарзанди калонӣ Мастулло дар порки нави инноватсионию саноатии н.Дарвоз кор карда, фарзандони дигари эшон Исматулло ва Лутфия дар ш.Душанбе, яке дар маъмурияти ширкати такси «1111» ва дигаре бар боғчаи бачагона фаъолият доранд. Умия, духтари дигари доктор дар ш.Хуҷанд кору зиндагӣ дошта, Аслия-духтари хурдӣ дар ш.Норак умр ба сар мебарад. Фарзандону наберагон ҳамагӣ ҳар сол тобистон дар Шкев ҷамъ меомаданд, аммо имсол бо сабабаи пандемия на ҳамаи фарзандон ба деҳа омада тавонистанд. Доктор Нодирхон мегӯяд, ки дар куҷое набошанд, сарашон дар амн бошаду ба ин Ватан хизмат кунанд.

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Душанбе-Дарвоз-Душанбе

 

Матлабҳои дигар