Принт

Маҳаллаи «Сахӣ» ё макони партов?

 

Пас аз шикоятҳои пайвастаи сокинони маҳаллаи «Сахӣ»-и н.Исмоили Сомонии пойтахт мухбири газетаи мардумии «СССР» сӯи ин маҳалла роҳ пеш гирифт. Ин маҳалла дар наздикии боғи Ғалаба, дар минтақаи «Нагорний» воқеъ буда, зимни қадамзанӣ дар кӯчаҳояш пеш аз ҳама ҷӯйборҳои пур аз ифлосӣ ва партов ба назар мерасад. 

Бепарвоии сокинон ё масъулон?

Сокинон мегӯянд, ки дар ин бора борҳо ба раиси маҳалла низ арз кардаанд, вале ӯ бепарвогӣ зоҳир карда, аз чунин бархӯрди раис истиқоматкунандагон бетамизтар шуда, партовҳои маишии худро ба кӯча бароварда мепартоянд.

   - Масъулону нозирон ҳар моҳ барои ҷамъ кардани маблағи обу барқ ва хизматҳои коммуналӣ дар мекӯбанд. Пули ҳамаи хизматҳоро сари вақт пардохт мекунем, лек чаро барои тоза кардани ҷӯйборҳои калон ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист касе талош намекунад? Алалхусус, имрӯз, ки таҳдиди вабои аср-бемории сироятии коронавирус ҷиддитар шуда истодааст, сокинон ва масъулон нисбати баровардани партов бепарвогӣ зоҳир менамоянд?- иброз медорад яке аз сокинони ин маҳалла апаи Мавҷигул.

Зиндагӣ паҳлӯи партов

Баъди суҳбат бо сокинон маълум шуд, ки раиси маҳалла парвои беҳдошти сокинонро надошта, боре ҳам шанбегӣ ва ё ҳашар ташкил накардааст, ҳатто пеш аз ҷашни Истиқлолияти давлатии ҶТ, ки дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ сурат гирифтанд.

Новобаста аз он, ки сокинон ҳар рӯз назди дари хонаҳои худ ва ҷӯйборҳоро тозаву тамиз мекунанд, ифлосӣ ва партови кӯчаҳои дигар ба ин маҳалла оварда шуда, моли хонагӣ-гову гӯсфанду бузу хару мурғ, ки нигоҳдориашон дар ҳудуди пойтахт манъ аст, низ гузашта, кӯчаҳоро ифлос мекунанд.  

Бар зами партову ифлосӣ, ки бӯйи ғализро ба атроф паҳн мекунад, боз ҳашароту ҷонварони зараррасон низ афзуда, мардум аз ин ифлосӣ ба дод омадаанд, лек касе садои онҳоро намешунавад: на раиси маҳалла ва масъулони н.И.Сомонӣ. Ва ин ҳам дар он замоне, ки раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ барои эҳёи Душанбеи нав-пойтахти давлати Тоҷикон ин қадар заҳмату талоши шабонарӯзӣ  дорад.

Мо пайгирӣ мавзӯ ҳастем!

 

Исмоили Малик, СССР

 

Матлабҳои дигар