Принт

ДУ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР АЗ ВАЗИФА САБУКДӮШ ГАРДИДАНД

Дар толори МИҲД-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маҷлиси васеъи ҳукумати шаҳр баргузор гардид. Дар маҷлис, дар мувофиқа бо Президенти ҶТ 2 муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода ва Исмоил Сайфиддинов  аз вазифа барканор карда шуданд. Масъулини ҳукумати шаҳр расман ба хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ карданд. Сабаби барканории онҳоро ҳукумати шаҳр  шарҳ надоданд. 

Баҳодур Уроқов

 

Матлабҳои дигар