Принт

Аз пайи шикоятҳо: Троллейбус хона нест!

Дар шумораи гузаштаи Газетаи мардумии СССР мо шикояти меҳмони идора Қурбоналӣ Тураев, ронандаи ККВД «Троллейбус»-ро дар бораи рафтори масъулони ин корхонаи нақлиётӣ нисбати 1 ронанда ва мушкилоти дигари корхона нашр карда будем. Мавсуф аз он шикоят дошт, ки бо сабаби набудани манзили зист ва ё утоқ дар хобгоҳи корхона, ӯ маҷбур аст шабҳо дар дохили троллейбус бихобад. Пас аз нашри ин мақолаи шикоятӣ шоми 4.01.2021 раҳбарияти ККВД «Троллейбус» мухбири СССР-ро ба ин муассиса даъват карданд, то дар якҷоягӣ бо ронанда Қурбоналӣ Тураев проблемаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд. 

Хобгоҳ дар мадди аввал!

Тавре зимни суҳбат бо мудирияти ККВД «Троллейбус» маълум шуд Қурбоналӣ Тураев моҳи июли соли ҷорӣ дар бораи ҷудо намудани 1 утоқ барои зист бо оилааш дар хобгоҳи корхона ариза навишта будааст. Чанде пеш 1 утоқ холӣ шуду раҳбарият дар он ронанда-занро, ки бо 1 фарзанд танҳо мезисту 3 сол пеш барои ҷудо намудани утоқ дар хобгоҳ ариза ирсол карда буд, ҷо карданд. 

   - Масъалаи таъмин бо утоқ дар хобгоҳи Қурбоналӣ Тураев шояд то охири ҳафтаи равон ҳалли худро ёбад. Мо дар фасли зимистон ҳақ надорем касеро берун кунем. Вале талош дорем барои ин ронанда ва зану фарзандаш 1 утоқ пайдо карда, онҳоро ҷо намоем, гуфт зимни суҳбат директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамов.

Бояд гуфт, ки падару 2 бародари дигари Қурбоналӣ Тураев ҳам дар ККВД «Троллейбус» кор карда, ҳар се соҳиби утоқ дар хобгоҳи корхонаанду солҳои тӯлонӣ онҷо зиндагӣ мекунанд.  

Троллейбус хона нест!

Дар робита ба он, ки ронанда Қурбоналӣ Тураев маҷбур аст шабҳоро дар троллейбус рӯз кунад, Муҳаммадҷон Ғуломов, муовини директори корхона мегӯяд, ки корхона корхонаи давлатӣ асту нақлиёт, хосса троллейбус моликияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, касе ҳуқуқи шаб дар дохили он хоб рафтанро надорад.

   - Чанд маротиба ронанда Тураевро шаб дар дохили троллейбус дида, пеш кардем, ки рафта дар хонаи падару модар ё бародаронаш бихобад. Дар дохили троллейбус пас аз соати корӣ будани ронанда умуман мумкин нест,- афзуд ӯ.

План барои ҳама ҳатмист!

   Дар идомаи суҳбат Сорбон Акрамов афзуд, ки ҳамаи ронандаҳо нақшаи ҳамарӯза доранд, амсоли дигар корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва бояд пас аз ба итмом расидани баст нақшаро ба муҳосиботи корхона супоранд. Аз пули дар тӯли 1 моҳ овардаи ронанда 25% ба худи ӯ дода мешавад. Яъне, ҳар ронандае, ки хуб кор мекунад, маоши хуб мегирад.

   -Қурбоналӣ Тураев аз оғози фаъолият дар корхона дар хатсайри №5 фаъолият мекунад ва чанд рӯз пеш ба ӯ троллейбуси нав ҳам ҷудо карда шуд. Агар хуб кор карда, нақшаро ҳам хуб ҷамъ намояд, маошаш ҳам шояд 2-3 баробар афзояд. Нақшаи якрӯзааш 130 сомонӣ аст. Ин аз худи ронанда вобаста аст. Дигар ин, ки чанд далели қоидавайронкунӣ аз «Шаҳри бехатар» дорад, ки дар ҷамъ беш аз 2000 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағро худи ронанда бояд пардохт кунад, чун зимни ҳаракат ба саҳлангорӣ роҳ додаст. Вале мо бо назардошти вазъи ронандаҳо тасмим гирифтаем онҳоро аз кор озод накарда, бо тадриҷ аз маошашон кам кунему ҷаримаҳоро пардохт, то аз ин дида бештар нагардад, -таъкид медорад директори корхона.

Ба СССР ваъда медиҳем!

Новобаста аз он, ки баъзе аз паҳлӯҳои шикояти ронанда Қурбоналӣ Тураев барои мо дар диди нав ошкор гашт, яъне бархе аз шикоятҳо асос надоштанду худи ронанда инро тасдиқ намуд, раҳбарияти ККВД «Троллейбус» ба газетаи мардумии СССР ваъда доданд, ки проблемаҳои ӯро ҳаллу фасл намуда, пас аз кӯчонидани номбурда ба хобгоҳ дар ин бора ҳатман СССР-ро хабардор хоҳанд кард.

ККВД «Троллейбус» ягона корхонаи троллейбусии пойтахт ба шумор рафта, аз 2 ДЕПО иборат аст. Корхона ҳамарӯза ба 6 хатсайр-№№ 1, 4, 5, 10, 11 ва 12 60 адад троллейбус бароварда, онҳо дар 2 баст фаъолият менамоянд. Бо вориди троллейбусҳои нав кор дар ин самт беҳтар гардида, ҳамакнун троллейбусҳои нав, ки аз ноқилҳои махсус қувват (заряд) мегиранд, ҳангоми қатъу васли хати барқ низ метавонанд бе ягон мушкилӣ ба роҳи худ идома диҳанд. 

 

М.Аминова, СССР

 

 

 

 

 

 

 

 

Матлабҳои дигар