ХАБАРИ ДОҒ

Амрико, Трамп, Байден…ва халқ

  • Чоршанбе, Янв 20 2021

 

 

Дар Амрико чи шуду чи гузашт? 5 нафар кушта шуд, ҳудуди 60 тан ҷароҳат бардошт. Ҳабсу боздошти ҳазорон тан идома дорад. Ва ин ҳама барои талоши мардум барои ҳифзи озодии сухан ва демократия…

06.01.2021. Мардуми оддӣ Сенат ё худ парлумони кишварро мисле, ки дар Қирғизистон шуда буд, ғасб кард. Депутатҳо, ки номи хушнавои сенатор доранд, аз халқе, ки онҳоро интихоб кардааст, фирор карданд ва бо амри ишон сӯи мардуми бесилоҳ аз тиру туфанг ва бомбаҳои ашковар корбаст намуданд. 

Вазъияти шинос не? Ва агар ин кор, фарзи мисол, дар Тоҷикистон ё Россия мешуд, тамомии расонаҳо, тӯли ним сол, ин моҷаро ва дастандаркорони ҳуҷум ба мардуми мулкиро муҳокима мекарданд, ҳамонгунае, ки тазоҳуроти Минск ва худи Баткоро ором намегузоранд. 1 бому 2 ҳаво дар фазои демократия ва он ҳам дар гоҳвораи мардумсолорӣ?!

Парадокс? Ҳо! Вале факт…

Танҳо Россия ва Хитой, ки аз душманони идеологии Амрико маҳсуб мераванд, ин тазоҳурот ва ин тиркушоиро маҳкум карданд. Муттафиқини Кохи Сафед дар Аврупо баракс, мардумро гунаҳкор сохтанд. Сарварони давлатҳои Ҷаҳони Кӯҳан бошанд,  «нотарсона» халқи оддиро муттаҳам карданд. Сарварони Германия, Фаронса, Бруссел ба мардуми ба шӯр омада лаънатҳои сиёсӣ фиристониданд.  Ва гуфтанд: “ҷаҳидан дар болои арзишҳои демократиро бас кунед!».

Ин ҳамонҳоеанд, ки айни чунин тазоҳурот дар Минскро 4-даста пуштибонӣ ва ҳатто маблағгузорӣ мекарданд. Чӣ шуд? Заҳри «Кайк дар  пӯстин» эҳсос карданд ва ё «зарби сӯзанро дар бадан диданд»?  Акнун шояд Амрико дарк кунад, ки сенарияи мини-инқилобаш айни сенарияҳои Ҷорҷ Сорос ва СРУ дар кишварҳои мусалмонист. Тазоҳурот, ғавғо, баландгӯяк ва ғасби парлумон. Ягон чиз тағйир наёфтааст. Ба ғайр аз ин, ки дар ин кишварҳо сӯи мардуми мулкӣ тир намекушоянду касеро намекушанд.

Зинда бод Трамп! Нест бод Трамп!!!

Ин шиорҳоест, ки сар аз 6 ноябр, баъди баргузории интихоботи президентӣ дар ИМА садо медиҳанд. Кумитаи омори интихобот гуфт, Ҷо Байден аз ҳизби демократ 306 оро гирифта, пирӯз омаду Доналд Трамп бо касби 232 раъй варшикаста шуд. Президенти фаъол ин натиҷаро тақаллубӣ хонд. Сипас тарафдоронаш ба майдон баромада, талаб карданд, ки дар чанд аёли калидӣ (штат) овозҳоро аз сари нав баршуморанд.

Тазоҳуроти ҷонибдорони Трамп, ки расо 2 моҳ майдонгузинӣ доштанд, аслан шунида нашуд. Зеро механизм ба кор даромада буд ва Амрико, ки дар саргаҳи империализми ҷаҳонӣ қарор дорад, роҳи бозгашт на дошту на дорад. Тазоҳуротро сардамдорон чун амали «саг меҷакаду корвон меравад!» қабул карданд. Вале маълум шуд, ки саг на танҳо меҷакад, ки газида ҳам метавонад!

Капитолий дар дасти халқ!

06.01.2021. Барои нахустин бор ва ба таври бесобиқа, тазоҳургарон, баъди оне, ки Трамп ба онҳо гуфт, ҳаққи худро аз Конгресс кашида гиранд, ба Сенат ҳуҷум карда, Капитолийро ишғол намуд. Конгресмену сенаторҳо аз халқе, ки онҳоро интихоб карда буд, фирор карданд. Мардуми оддӣ ба курсии сенаторҳо нишастанд ва нафаре ҳама ҷои спикери Сенат ҷаҳида фарёд баровард:

-Трамп ғолиби интихобот!!!

Сипас занеро, ки аз ӯ ҳамчун собиқ афсари Армияи Амрико ёд меоранд, пулис парронда дар ҷояш кушт. Даҳҳо тан захмӣ шуд. Минҷумла 3 каси дигар дар бемористон фавтид. Яъне хуни мардум рехт!!!

Хунрезӣ ба ягон ҳукумат фарҷоми нек наовардааст, ки ба Амрико орад. Ҳар империяи бузург рӯзе не рӯзе варшикаста мешавад ва хуни рехта дар рӯзҳои аввали соли нави 2021 мунодии фалаҷшавии система дар Амрико гардид.

Даҳони Трампро бастанд!

Дар ин гирудор 1 воқеаи аҷибу ғарибе рух дод. Твиттер, Фейсбук ва тамомии саҳифаи президенти фаоли Амрико-Доналд Трампро бастанд!!! Ҳатто вайберу телефонаш низ аз кор монд. Ва ин дар ҳолест, ки ӯ ҳанӯз ҳам ПРЕЗИДЕНТ аст ва то 20.01.2021 ҳуқуқ дорад, бо дилхоҳ кишвар ҷанг кунаду ҳатто «тукмачаи бомбаи ядроӣ»-ро пахш созад ва он гаҳ Олам Капут! Вале бо ин ҳама Суккербергҳои муосир даҳонашро бо скотч бастанду садояшро ҳатто занаш намешунавад. Ин ҷумлаи охир шӯхӣ нест. Барои тариқи наздикону хешон суханашро нагуфтани Трамп, ҳама пайвандон ва ҳатто ёвару ёрдамичҳояш низ «бан» гирифтанд, яъне хунсо шудаанд.

Ёд доред, чанд сол пеш вақте интернет дар Хоруғ баста гардиду Бек Сабур инро ба расиши «тири снайпер» бастагӣ дод, ҳуқуқдифоёни авро-амрикоӣ чӣ қадар шӯру мағал вардошта буданд? Имрӯз Суккерберг саҳифаи худи президенти Амрикоро баст! Ва дар ҷамъ, дар фазои демократии Амрико ва Аврупо аслан садои Трамп шунида намешавад. Касеро парвое нест. Ҳатто оппозитсияи евро-исломии Тоҷик низ «бинг» нагуфт. Ҳуқуқдифоёни кишвари мо бошанд, ки аз ҳабси 1 ҷинояткори 87-сола табл дар даст бонги SOS мезананд, қатлу куштори мардум дар Капитолийро «пирӯзии демократия» унвон карданд. Ва медонед чаро? Ну, конечно, медонед, барои 3-4 танга дастгирии проектҳояшон…Дигар ҳамин аст демократияхоҳии тоҷикону демократияпарвардагии амрикоӣ…

Трамп ва Русия

Хонандаи ҳушманд ёд дорад, ки расо 4 сол пеш Трампро гумоштаи Кремл ва Одами Путин муаррифӣ мекарданду менавиштанд, ки Кремл ва хаккерҳои урусӣ ӯро пирӯз кардаанд? Конечно ёд доред! Вале ин «гумошта» муносибатро бо Россия вайронтар кард. Зеро геополитика имконаш надод, ки бо Маскав рафоқат кунад. Кайҳо собит гаштааст, ки президент дар Кохи Сафед императори Амрико нест ва ҳаводиси ахирӣ бори дигар исботи ин гуфтаҳостанд…

Вале бо ин ҳама, Трамп воқеан ҳам барои Кремл одами даркорӣ буд ва рафтани ӯ метавонад ҷанги сардро сардтарак кунад. Дар зер мегӯем, чаро…

04.09.2020. Президенти Амрико дар арафаи интихобот, дар дидор бо мардуми Пенсилвания гапе гуфт, ки боиси сарнагунӣ ва ба гуфтаи худаш «интихоботи тақаллубӣ гардид». Ӯ гуфт, тарафдори муносиботи ҳасана бо Россия аст ва ҳар иғвое, ки нисбат ба Маскав мешавад, кори дасти демократҳост. Трамп афзуд:

-Ҳар боре аз ТВ-ҳои амрикоӣ, аз забони демократҳо вожаи Россияро  мешнавам, телевизорро хомӯш мекунам. Ин девонагист!!!

Чаро ҷумҳурихоҳон хубтар аз демократҳоянд?

Сиёсатшинос, профессор, доктори илм, Ҷумъахон Алимӣ мегӯяд, усулан демократҳо аз арзишҳои католикӣ таассубгароёна пайгирӣ мекунанд. Ва табиист, ки католикҳо ва яҳудиён, ки гавҳари асосии ҳизби демократии Амрикоро таъсис додаанд, муносиботро бо Русия сардтар кардаву оташи нимколахамӯши ҷанги Украинаро тавтеъа мебахшанд. Чунки болотар аз арзишҳои католикӣ ва шикасти православнизм чизе муқаддас дар ин ҳизб нест. Навиштаҳои профессор Алимӣ дар Фейсбук вокунишҳо ба бор овард. Ин нафар собит намуд, ки мисли ӯ касе аз сиёсати ҷаҳонӣ ва геополитикӣ огаҳ нест ва аз сӯи дигар ӯ тору пуди ҳизбҳои ҳокими Амрикоро хубтар аз тамомии ба ном «сиёсатшиносон»-грантгирони Тоҷик медонистааст. Биёед рӯ орем ба саҳифаи Фейсбукии профессор:

Jumaxon Alimi: Намояндагони ҳизби демократи Амрико аксаран католиканд ва бо сари кор омадани онҳо боз инқилобҳои ранга ва дахолатҳо ба умури кишварҳои мусалмонннишини нафту газдор аз нав оғоз ёфтанаш имкон дорад. Хосатан масъалаи Украина, Белорусия ва Гурҷистон мушкил ва вазъ муташанниҷтар гаштанаш аз эҳтимол дур нест. 

 Демократҳои Амрико иборат аз яҳудитаборон ва пайравони мазҳаби католикӣ мебошанд ва муборизаи онҳо бо намояндагони ҳизби муҳофизакорон (консерваторҳо) муборизаи мазҳабӣ аст. Муҳофизакорон (консерваторҳо) пайрави мазҳабҳои протестантию православӣ ҳастанд. Вазъи Россия метавонад хароб гардад. 

Ба ҷои хотима

Сенат, конгресс, Пентагон, Кохи Сафед албатта ин корро намекунанд, вале кофист, мазҳаби тазоҳургарони 6-январӣ мушаххас шавад, то иддаои профессор Алимӣ рад ё пазируфта гардад. Агар онҳо аксаран протестанту православанд, пас боке нест, то мазҳаби пулисҳои тиркушодагӣ низ дақиқ гардад. Танҳо дар ин сурат  дақиқан гуфта метавонем, ки бо демократия сару кор дорем ва ё фанатизми дохилимазҳабӣ-секстантство дар Амрико. 

Мо мунтазири вердиктем. Мо Метавонем!

 

М.Мубориз

Махсус барои СССР

PS: Нависандаи ин сутур ҳамагӣ 2 сол қабл дар Амрико буд ва бо 2 чашми сар дид, ки ҳарчанд Доналд Трампи масхарабоз мавриди мазҳакаву вокунишҳои шадиди расонаҳои хабарӣ қарор дошт, аммо халқи оддӣ ӯро чун менеҷмент, давлатсоз ва ҳамфикри мардуми қаторӣ, қабул карда, дӯст медошт. Зеро ӯ Аврупои католикиро сари зону шинонида, амрикоиҳоро аз андозҳои барзиёде озод карда, маоши коргаронро боло бурда буд...

Твиттер баъдан гуфт, ки саҳифаи Доналд Трампро барои 12 соат бастааст ва афзуд, ки агар ӯ чанде аз навиштаҳояшро, ки зӯроварӣ бармеангезад, саҳифаро комилан мебандад. Айни замон Фейсбук ҳам видеои Доналд Трампро пок кард, чун ба гуфтаи Фейсбук хушунат бармеангезад.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter