Принт

Чӯпон ба сари кӯҳ, чаридан рама дорадэээъъъъ!!!

Шумораи чорвои калони шохдор ва гӯсфанду буз сол аз сол дар ҷумҳурӣ зиёд  мегардад, ки боиси таҳсин ва рапортдиҳиҳост. Аммо касе намебинад, ки гиёҳҳои худрӯй дар саҳро нобуд шудан доранд...

SOS: чорвои зиёд ва табиати варшикаста

    Солҳои охир дар кишвар моли майда аз ҷумла бузу гӯсфанд аз ҳад зиёд гашта, гоҳе тамоми дашту даман дар маҳалҳо пур аз рамаи 1 ё 2 шахси дорост. Рама алафу гиёҳи чарогоҳҳоро нест карда, маҳз бо ин сабаб гиёҳҳои худрӯй дар кӯҳҳу саҳро ба боди фано рафта истодааст. Касеро ғами табиат нест, ки нест. Дигар мисли қабл дар кӯҳҳо алаф намерӯяд. Агар мушоҳида карда бошед, дар манотиқи дур, аз ҷумла дар наздикии деҳот алафҳои худрӯй комилан ноаён гашта, мисли кӯҳҳои пур аз хоки Арабистонро мемонад. Қаблан чорвои мардум метавонист, ки аз наздикии деҳ чизе барои хӯрдан ёфта тавонад. Ҳоло аз дашту даман ёфтани алаф барои чорвои халқи оддӣ хеле душвор шудааст. Ба забони дигар рамаҳои дороён, ки аз раису вазиру масъулини баландпояву бонкирҳои кишваранд, чорвои мардумро хокбадаҳан кардаанд.

    Аз рӯи маълумоти ба дасти мо расида, дар соли 2017 дар ҳама бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон 2 млн 309.613 сар чорвои калони шохдор, аз он ҷумла 1 млн 189.733 сар модагов, 5 567 354 сар гӯсфанду буз ба ҳисоб гирифта шудааст. Аз ин саршумор, 162 482 сар гов (7 дарсад), 1 005 448 сар гӯсфанду буз  (18,1 дарсад)   парвариш ёфтааст. Дар маҷмӯъ 80,2 дарсад чорво дар хонаводаҳо парвариш меёбанд. Бино ба омори Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2017 нисбат ба соли 2016 саршумори чорвои калон 1,4 дарсад, гӯсфанду буз 2,8 дарсад ва асп 0,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳайрон нашавед хонанда! Мо омори соли 2021-ро ҳам дорем, ки нисбат ба 4 соли гузашта муқоиса хоҳем кард. Ҳамчунин дар ин гузориш омада, ки дар соли 2017 бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон 248 769 тонна гӯшт, 949 912 тонна шир тавлид кардаанд.

    Бино ба маълумоти коршиносон, ҳаҷми тавлиди маҳсулоти чорводорӣ дар кишвар ба 7,6 млрд сомонӣ расид, ки 5,6 дарсад бештар аз соли 2016 аст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 ба 24 млрд 576 млн сомонӣ расонида шуд, ки 6,8 дарсад аз соли 2016 бештар аст.

 

Дар шумор зиёду…

    То 1 июли соли 2021 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо саршумори чорвои калони шохдор 2416,4 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,9 ҳазор ё 1,7% зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 6060,3 ҳазор сарро ташкил дода, 16,8% ҳазор сар ё 2,9% афзуд. Аз саршумори умумӣ 92,9% саршумори чорвои калони шохдор  ва 80,2% саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Саршумори чорвои калони шохдор дар хоҷагиҳои ВМКБ 4,6%, Хатлон 2,1%, Суғд  0,8% ва НТМ 1,6% афзудааст.

 

Чарогоҳҳо нест мешаванд

    Чарогоҳ барои чорвои хонагӣ манбаи асосии хӯроки арзон ва серғизо мебошад. Тақрибан, аз 4/3 ҳиссаи талаботи чорво бо хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳҳои табиӣ таъминанд. Аммо имрӯз бо сабаби зиёд шудани чорво аз ҷумла гӯсфанду буз алафҳои худрӯйи табиат дигар мисли солҳои қабл ғизо дода наметавонад. Чун рамаи бузург  дилхоҳ дашту саҳроро 1 бор чарида гузарад, дигар аз он ҷо ягон дона алаф ёфта намешавад. 

 

 

Табиатро бояд ҳифз кард!!!

    Айни замон аз рӯи баъзе маълумот масоҳати умумии чарогоҳҳои ҷумҳурӣ беш аз 3 миллион гектарро ташкил медиҳад, ки бо сабаби афзоиш ёфтани бузу гӯсфанд ин масоҳат барои чорвоён кам гашта истодааст. Вақте ки масоҳати чарогоҳҳо кам шуд «соҳибрама» маҷбур аст ба наздикии деҳот бурда, анбӯҳи молашро чаронад. Ин тавр, ки шуд оқибаташро аз ман хубтар медонед, хонандаи азиз!

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ саршумори чорво нисбат ба солҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ 53%, асп 49 дарсад ва моли майда 50% зиёд гардидааст. Аз ин рӯ, беҳтаркунии ҳолат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, танзиму истифодаи оқилона ва дурусти чарогоҳҳо дар пешрафти соҳа яке аз омилҳои асосианд. Дар ҷумҳурӣ то соли 1991  ҳамагӣ 30 дарсад майдони кишт ба зироатҳои хӯроки чорво рост меомад. Ҳоло қариб 3 баробар майдони кишти хӯроки чорво кам гардида, саршумори чорво 50 дарсад зиёд шудааст!!!

Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, тайи чанд соли охир тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокии чарогоҳҳо оварда расондааст. Махсусан, чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик дар чунин ҳоланд. Илова бар ин, дар аксари деҳоти ноҳияҳо поймолшавии алафзор ва нобудшавии чарогоҳҳо мушоҳида мешавад. Қисми зиёди майдони онҳо ба пайроҳаҳои чорвогузар табдил ёфта, эрозияи хок авҷ гирифтааст. Инчунин, ҳазорҳо гектар чарогоҳҳои ҳосилхези наздикӯҳӣ ба воситаи шудгор хароб гардида, ҳамчун замини партов камҳосил шудаанд.

 

Э-ҳей, рама дорад, киҳо рама доранд?!

   Воқеан солҳои охир аз дасти молҳои зиёди сарватмандон алаф барои чаридани моли мардум дар наздикии деҳаҳои дурдаст намондааст. Агар эрод гирӣ, ки аз наздикии деҳа рамаро ба ҷойи дуртар  бурда чарон, чӯпону подабонҳо ҳатман аз номи 1 нафари маъруфе ҳарф мезананд, ки гуфти Бобои Ғулом «Шикат мегирад!». Пеши ин хатарро бояд гирифт. Вале кӣ мегирад?

Ҳоло бо якчанд савол ба Вазири кишоварзӣ муроҷеъ шуда, дақиқан аз ҳоли имрӯзаи чарогоҳҳо ва табиат пурсон мешавем:

 

1.      Ҳолати имрӯзаи табиат ва чарогоҳҳо аз дасти моли дороён дар чӣ ҳолат қарор дошта бошад?

 

2.      Оё гуфта метавонед, ки моли барзиёд ғайри зиёни дар боло зикр шуда, боз чӣ фоидаву зарар ба табиат расондааст?

 

3.      Оё саршумори чорво аз ҷумла бузу гӯсфанди сарватмандонро ба омор дохил мекунед ва онҳо андоз аз мол месупоранд?

 

4.      Дар соли 2017 ҳаҷми тавлиди маҳсулоти чорводорӣ ба 7,6 млрд сомонӣ расид, ки 5,6 дарсад бештар нисбат ба соли 2016 мебошад. Ин шумора дар соли 2021 ба чанд расидааст?

 

5.      Дар соли 2017 бунгоҳҳои кишоварзии Тоҷикистон 248 769 тонна гӯшт, 949 912 тонна шир тавлид кардаанд. Ин миқдор дар соли 2021 ба чанд тонна гӯшт ва чанд тонна шир расидааст, ки имрӯз нархи гӯшту шир ба фалак печидааст?

 

6.      Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2017 ба 24 млрд 576 млн сомонӣ расонида шуд, ки 6,8 дарсад аз соли 2016 бештар аст. Ин омор дар соли 2021 ба чанд млрд. сомонӣ расидааст?

 

7.      Ва аз ҳама муҳим, Шумо, муҳтарам Вазир, гуфта метавонед, ин рамаҳо дар воқеият моли кистанд?

 

Исматулло Собирӣ,

Собиқ подабон ва ҳоло хабарнигори газетаи мардумии СССР

Матлабҳои дигар