ХАБАРИ ДОҒ

Авфи муҳоҷирон; киро мебахшанд?

  • Чоршанбе, Окт 27 2021

        

 

 1 тоҷик барои бе билет ворд шудан ба метро, автобус, трамвай аз ФР хориҷ карда намешавад, аммо бояд дар хотир дорад, ки вақте 2 бор чунин қонуншиканиҳои маъмурӣ аз ҷониби вай ба қайд гирифта мешавад, ин аллакай сабаби ихроҷ ва эҳтимолан манъи вуруд ба ҳадди ақал барои 3 сол ба ин кишвар шуда метавонад. Аз ин рӯ, пеш аз қасдан вайрон кардани қоидаҳо, дар бораи он фикр кунед, ки оё он барои аз Россия хориҷ шудан арзанда аст ё не?!

 

     Авохири ҳафтаи гузашта Ҳукумати ФР эълон намуд, ки 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатиро авф хоҳад кард. Пас аз нашри ин хабар хонандагони зиёд ба идора занг зада, дар бораи авф ва кадом категорияи шаҳрвандон ба он фаро гирифта мешаванд, пурсон шуданд.

Мо тасмим гирифтем ба сомонаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати ВКД ФР рӯ оварда, бо тавзеҳот ва бандҳои авфи навбатӣ бештар маълумот пайдо намоем.  

    Бояд гуфт ин қарор, яъне авф, танҳо ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки манъи вурудашонро расман ВКД содир кардааст. Авф ба касоне, ки бо қарори суд аз Русия хориҷ шудаанд, дахл надорад. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мавриди авф қарор гирифтаанд, ҳанӯз 18.08.2021 аз пойгоҳҳои маълумот хориҷ шудаанд, аз ин рӯ, муҳоҷиронро лозим аст, ки худро дар сомонаи ВКД ҶТ бисанҷанд, то ки аз иҷозаи вуруд доштанашон ба Россия огаҳӣ пайдо кунанд.

 

Роҳ нест!

     Дар кадом ҳолат вуруди муҳоҷирони тоҷик ба ФР манъ аст?

Дар мавриди мӯҳлати манъи вуруд, онҳо вобаста ба қонунвайронкунӣ фарқ мекунанд.

- 3 сол, агар мӯҳлати будубош зиёд бошад (зиёда аз 30 рӯз);

- 3 сол, агар дар давоми се сол 2 ё зиёдтар аз он ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда бошад;

- 3 сол, агар дидаю дониста ё ба мақсади воридшавӣ ба ин кишвар дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;

- 3 сол, агар тартиби реадмиссия дар давоми будубоши қаблӣ қатъ карда шуда бошад;

- 3 сол, агар режими 90/180 вайрон карда шавад;

- 5 сол, агар дар давоми як сол ду ё зиёда қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ё вайронкунии марбут ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ содир шуда бошанд;

- 5 сол, агар мӯҳлати будубоши ғайриқонунӣ зиёд бошад (зиёда аз 180 рӯз);

- 10 сол: агар мӯҳлати будубоши ғайриқонунӣ зиёд бошад (зиёда аз 270 рӯз);

Агар шахсро дар давоми 1 сол 2 маротиба (ё бештар) хориҷ кардаанд, вуруд аллакай 10 сол баста мешавад.

 

2 ҷарима боиси ихроҷ мегардад

    Дар кадом ҳолат муҳоҷир ҷарима карда мешавад?Масалан, агар шаҳрванди хориҷӣ тибқи моддаи 12.29-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ФР қоидаҳои ҳаракатро ҳамчун пиёдагард вайрон карда, дар ҷойи нодуруст роҳро убур карда бошад, ӯро метавонанд ҷарима кунанд. Маблағи ҷарима 500 рубл хоҳад буд. Ва агар пиёдагард ба ҳаракати мошинҳо халал расонида бошад, пас ҷарима 1000 рубл хоҳад буд. Ё, масалан, агар шаҳрванди хориҷӣ мехоҳад дар метро ва ё электричка савор шавад, вале вақт надошт, ки билет харад ё ин корро қасдан анҷом дода бошад, пас ҷарима дар ин ҷо 1000 рубл хоҳад буд.

      Шаҳрванди хориҷӣ барои чунин қонуншиканиҳо хориҷ карда намешавад, аммо бояд дар хотир дорад, ки вақте 2 бор чунин қонуншиканиҳои маъмурӣ аз ҷониби вай ба қайд гирифта мешавад, ин аллакай сабаби ихроҷ ва эҳтимолан манъи вуруд ба ҳадди ақал барои 3 сол шуда метавонад. Аз ин рӯ, пеш аз қасдан вайрон кардани қоидаҳо, дар бораи он фикр кунед, ки оё он барои аз Россия хориҷ шудан арзанда аст ё не?!

    Ҳамватанони азиз! Пеш аз сафар ба муҳоҷират ҳатман қавонини кишвареро, ки тасмим гирифтаед дар он кору зиндагӣ намоед, омузед ва бидонед, то ин, ки 1 хатои кучаки шумо боиси депортатсия нагардад.

 

Омиронаи Сайёф,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter