ХАБАРИ ДОҒ

Кӯлоб: бунгоҳи тиббии фаромӯшшуда…

  • Чоршанбе, Нояб 03 2021

 

Бо дуруд ба СССР-и азиз! Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум дар тамоми гӯшаву канори мамлакати азизамон наздики 30 ҳазор адад иншооти наву замонавӣ азнавсозӣ ва бунёд гашта, корҳои ободониву созандагӣ вусъати нав гирифтанд. Ин албатта хуб аст, бояд ҳамқадами замон буду пешрафт кард, барои мардум шароити хуб фароҳам овард.

Он, ки бахшида ба ин ҷашни тақдирсози миллӣ дар шаҳри Кӯлоб наздики 900 иншоот сохта ва азнавсозӣ карда шуд, маро хеле шод кард. Кӯлоби мо ҳам зебо шудааст! Вале 1 ҳолат маро нороҳат сохт ва ин ҳам фаромӯш шудани бунгоҳи тиббии деҳаи мо Пахтакори (собиқ Шакархон) ш.Кӯлоб.

Бунгоҳи тиббии деҳаи мо солҳои 1970-уми асри гузашта бунёд ёфта, кайҳо кӯхнаву фарсуда гашта, аз шароити лозимаи тиббиву санитарӣ низ маҳрум аст. Сипос аз ҳамон чанд нафар табибон ва хоҳарони шафқат, ки новобаста аз ин, омада ба мардум хизмат мекунанд. Мо сокинони умед доштем, ки пешопеши ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ватан ин бунгоҳ азнавсозӣ ва бо шароити муосири тиббӣ муҷаҳҳаз мегардад, вале ин тавр нашуд. Бунгоҳи моро фаромӯш карданд, ки ба феҳристи ҳамон 900 иншооти бунёдшавандаву таъмирталаб ҷой диҳанд…

Манучеҳр Ятимов,

ш.Кӯлоб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter