Принт

Файзобод: дарвозаҳои нообод…

 

Бо дуруд ба СССР-и азиз! Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи деҳаҳои «Орифон» ва «Заркамар-и Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод 2 дарвоза бунёд карданд.

Дарвозаи деҳаи «Орифон», ки онро соҳибкор Убайд Розиқов сохтааст, ба тамоми шароит мутобиқат мекунад. Аммо дарвозаи деҳаи «Заркамар» ба маънои томаш ба дарвоза будан ҷавобгӯ нест. Гирду атрофи дарвоза бояд васеъ бошад, вале ин дарвоза дар тангҷой ҷо гирифтааст, ки табъро хира месозад. Барои бунёди ин дарвоза низ беш аз 50 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, лек он ҷавобгӯи талабот нест, ҳайфи ин қадар пул.

Лозим аст, ки бо дастури Бобишо Холзода раиси ноҳияи Файзобод дарвозаи дуюм тахриб ва аз сари нав бардошта шавад, то воқеан ҳам ба дарвоза будан монанд  гардад.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

Матлабҳои дигар