Принт

Поркҳои зебо ва беоби пойтахт…

 

Чанд ҳафтаи охир ба редаксияи СССР хонандагони зиёд омада шикоят аз набуди оби ошомиданӣ дар дохили боғҳои шаҳри Душанбе карданд. Қаблан дар тамоми боғҳои пйтахт фавворачаҳои хурди обнӯшӣ буду мардуми раҳгузар метавонистанд ба қавле даҳон тар карда гузаранд. Бо таҷдиди боғҳо ин фаворачаҳо низ аз байн рафтанду водопроводҳои обнӯшӣ низ тахриб гашта, мағозаву дӯконҳои нав лӯлаҳои обро бурида ба дохили бинои худ дароварданд. Яъне акнун оби ройгони давлатӣ нест, ба хотири шикастани ташнагӣ бояд об хариву бинӯшӣ.

17.06.2022. Соат ба вақти Душанбе 19:12 дақиқа. Баъди ифтор бо аҳли оила боғи Спартак рафтем. Воқеан имрӯз боғҳои фарҳангиву фароғатӣ дар Душанбешахри зебои мо зиёд гаштаву боиси хурсанди хурдсолон ва нафақахӯрон гаштааст. Аз 1 тараф кушодашавии боғҳои фароғатӣ барои сокинони кишвар хуб аст, аммо аз тарафи дигар бо об таъмин набудани онҳо сокинони пойтахтро сахт нигарон кардааст. Лайло Қаюмова, сокинони Душанбе дар ин хусус гуфт:

-Ман 58-сол дорам. Ростӣ, солҳое, ки мо ҷавон будем, дидани чунин боғҳоро ҳатто дар шаби хобамон тасаввур карда наметавонистем. Пештар чунин поркҳо набуд, лекин мардум дар дилхоҳ кӯчаву тангучаву боғу порк бо оби ошомиданӣ таъмин буд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, Моҳистон, ки аз худи Ҳисори бостонӣ ба Душанбе меҳмон шудааст, оиди ин мавзӯъ афзуд, ки “агар ягон кас фаҳмад, ки дар боғҳои пойтахт оби ошомиданиро мардум дар моҳи шарифи рамазон харидорӣ менамояд, айб аст. Тоҷикистон бузургтарин маъхази об дар Осиёи Марказисту савдогарони беинсоф обро дар боғҳои пойтахт мефӯрушанд. Чанд рӯз пеш 1 ҷуфте сайри боғ омада буданду зан ба шавҳараш гуфт ҳалқам аз беобӣ қоқ шуд. Мард аз ҷой бархоста чанде ҷумаки об ҷуст. Ба ҳамсараш гуфт, биё хона равем, дар ягон ҷои боғ об нест. Бубинед, мардуми бе пул вақте ба боғ меоянд ҳатто оби ошомиданӣ намеёбанд!”.

Аз гуфтаи ин зан маълум шуд, ки дар асл дар порк об будааст, вале ҷои лӯлаи об мағоза кушода, обҳоро забт карда гирифтаанд, то...мардуми лабташна маҷбур аз дукон об харад...

О. Достиева

СССР

Матлабҳои дигар