Принт

Донишҷӯ-даъватшаванда…

 

Бо фармони Раҳимҷон Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон акнун донишҷӯёне, ки барои хизмати аскарӣ уҳдадоранд, имкон пайдо мекунанд пеш аз муҳлат имтиҳон супорида, бо хоҳиши худ ба хизмат раванд. Гуфта мешавад, тартиби муқаррарот барои гузаронидани имтиҳоноти ҳатмии пеш аз муҳлат ва аттестатсия ба донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5, ки мехоҳанд дар сафи артиши Тоҷикистон хизмат кунанд, дахл дорад.

 Шояд ин кор хуб бошад, зеро тариқи ТВ мебинам, ки ҳамарӯза даҳҳо донишҷӯён дар макотиби олӣ ба минбар баромада, дар бораи бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан азм мекунанд. Вале 1 чиз нофаҳмост: чаро ин фармон маҳз ҳоло қабул шуд? Шояд сирри ин дар пур нашудани нақшаи даъват бошад, ки Вазорати дифои кишвар мехоҳад аз ҳисоби донишҷӯёни даъватшаванда нақшаро пур кунад? Имсол мумкин бо ин роҳ нақша иҷро шавад, аммо солҳои баъдӣ чӣ?

Комрон Нуров,

шаҳри Душанбе

Матлабҳои дигар