Принт

Колеҷҳои тиббӣ: Диплом барои сандуқ ё болнис?

Ҳамасола теъдоди хеле зиёди донишҷӯён коллеҷҳои тиббии кишварро хатм мекунанд. Вале новобаста аз ин норасоии кормандони миёнаи тиббӣ, алалхусус хоҳарони шафқат-медсестраҳо ва момодояву парасторон солҳои ахир бештар ба назар мерасад. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотиии ниҳоди зертобеаш гуфта буд, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат 674 духтур намерасад. Вале бино ба итиллои дарёфтӣ, танҳо аз вилояти Хатлон, хосса ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус дар соли 2021 наздики 100 нафар духтурон аз кор рафта, рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Иллати аслӣ-камии маош...

Ҳамасола чӣ қадар донишҷӯ коллеҷҳои тиббии мамлакатро хатм мекунанд? Оё онҳо тибқи роҳхат ба ҷойи кори таъиншуда мераванд? Ин буд мавзӯъе, ки мо ин ҳафта пайгирӣ намудем. Мо Метавонем!

 

33 коллеҷи тиббӣ бо 60000 донишҷӯ

Тавре Эмомалӣ Мирзоев, раҳбари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо мухбири мо гуфт, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 коллеҷи тиббӣ фаъолият дошта, онҳо зери назари вазорати мазкур қарор доранд.

    - Аз ин теъдод 16 коллеҷи тиббии давлатӣ ва 17 коллеҷи тиббии хусусӣ мебошанд. Тибқи руйхат дар соли таҳсили 2021-2022 дар коллеҷҳои тиббӣ зиёда аз 60.327 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъкид дошт Эмомалӣ Мирзоев.

 

Диплом барои ҳамсоя

Чуноне маълум шуд, ҳамин ҳоло беш аз 60 ҳазор нафар донишҷӯён дар коллеҷҳои тиббии давлатӣ ва хусусии кишвар таҳсил мекунанд. Чӣ қадар донишҷӯ-табибони дараҷаи миёнаи тиббӣ ин коллеҷҳоро хатм мекунанд, касе ба мо омори дақиқ надод. Шояд аз ин 60.327 нафар имсол наздики 10 ҳазор донишҷӯ хатмкунанда бошаду пас аз гирифтани диплом дар бораи тахассус, бо роҳхат бояд ба ҷойи ояндаи кор равад. Аммо мераванд ё не? Суолест матраҳ ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То ҷое медонему мешунавем, аксарияти духтарон бо дипломи хоҳари шафқат ва момодояву парастор пас аз хатм издивоҷ карда, баъдан хешу ақрабо ва ҳамсоягони худро доруву дармон намуда, бо ин ба қавле 1 бурда нонашонро меёбанд. Лек ин наметавонад илоҷи кор бошад, алалхусус он замоне, ки бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти кишвар аз набудани 1 фелдшер ё медсестраву санитарка аксар рӯзҳо бастаанд.

Омиронаи Сайёф, СССР

Матлабҳои дигар