Принт

Файзобод: ваъдаҳо дар нӯли зоғ?

 

Соли 2017 моҳи апрел Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод шароити сернуфуз будани деҳаҳои Фатҳобод, Гултеппа, Сарой ва Фақерободи шаҳраки 30-солагии Истиқлолиятро ба назар гирифта, дар деҳаи Фатҳобод барои сохтмони Маркази саломатӣ 0,12 га замин ҷудо карда, қарор бароварда, ҳамчунин сертификати истифодаи заминро низ ба тасвиб расонид.

Мардуми 4 деҳа хабари сохтмони бунёди маркази саломатиро шунида, хурсандӣ карданд. Агар маркази саломатӣ сохта мешуд, мушкили мардум осон мегардид. Вале аз моҳи апрели соли 2017 то ба имрӯз аз сохтмони Маркази саломатӣ на ном ҳасту на нишон. Дар ин бора 2 маротиба ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, даҳҳо маротиба ба собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода ва раиси имрӯза муроҷиати хаттӣ кардаем. Онҳо ваъда доданд, ки дар сурати пайдо шудани маблағ сохтмони Маркази саломатиро сар мекунанд. Ҳеҷ не, ки маблағ пайдо шаваду ба сохтмони маркази саломатӣ сар кунанд.

4 деҳае, ки номбар кардам, аҳолиаш 8-ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар фасли зимистон роҳи нақлиётгард ба ях мубадал шуда, рафту омади мардум ба маркази беморхонаи ноҳия душвор мегардад. Аз ин рӯ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро зарур аст, ки ғами мардумро пеши назар биёранду ҳарчӣ тезтар ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти кишвар аз пайи сохтмони Маркази саломатӣ шаванд…

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

Матлабҳои дигар