ХАБАРИ ДОҒ

Кӯдаки тоҷик дар куҷо оббозӣ кунад?

  • Чоршанбе, Июл 06 2022

Дар замони советӣ дар гирду атрофи шаҳрҳои калон, аз ҷумла Душанбеву Хуҷанд, Кӯлобу Қурғонтеппа барои оббозии мардум, хосса кӯдакону калонсолон ҳавзу кӯлҳои сунъӣ месохтанд. Чунин мавзеҳо одатан оммавӣ буда, рӯзҳои истироҳат дар кӯли Комсомолу Варзоб, обанборҳои дигари мамлакат ҷои холӣ пайдо намешуд. Барои кӯдакону наврасон бошад дар ҳар як маҳалла ва микрорайон ҳавзҳои шиноварӣ сохта буданду он ҳар мавсими тобистон аз ҳисоби оби захиравӣ пур карда шуда, фаъолият мекард. Пасон бо сабаби танқисӣ ва норасоии об аксарияти ин бассейнҳо хушку холӣ шуда, солҳои ахир рӯи қисмати бештар бо хоку санг пур ва табдил ба майдончаҳои варзишӣ гардиданд.

Кӯлҳои наву нархҳои дандоншикан

Кули Комсомолро низ таҷдиду азнавсозӣ намуда ба Кӯли Ҷавонон мубаддал карданду бо ин оббозӣ дар ин мавзеи нави истироҳату фароғат манъ карда шуд. Агар ин 1 сабаб бошад, сабаби дигараш на он қадар чуқур будани кӯл аст – таги кӯлро бо регу қум пур карданд.

Кӯли Варзоб, ки хеле аз назару таваҷҷӯҳи масъулин дур монда буду дар ҳолати вайрона қарор дошт, пас аз пайдо кардани молики нав ба мавзеи бузурги дилхушии кӯдакону калонсолон табдил гашту номи нав гирифт – “Кӯли Душанбе”. Вале мутаассуф на ҳар кӯдаки тоҷик метавонад дар он истироҳату фароғат ва оббозӣ кунад, зеро нархаш дандоншикан аст. То ҷойе шунидем барои 1 рӯзи истироҳат дар ин мавзе барои 1 оилае, ки танҳо 1 фарзанд дорад то 800 – 1000 сомонӣ сарф мешавад (бо назардошти обу хӯроки сабук).

Пеш аз мавзеи “Кӯли Душанбе”, “Обшорон”-у “Делфин” барин аквапоркҳо пайдо шуданд, ки даромаду 1 рӯзи истироҳату оббозӣ дар онҳо то 250-300 сомонӣ аст. Маълум, ки на ҳар падару модар имкон доранд, кӯдакони хешро барои оббозӣ ба чунин аквапоркҳо бубаранд. Ва одатан кӯдакони мардуми оддӣ, яъне мову шумо маҷбуранд ё дар ҷӯйбор пеши хона гӯтта зананд ва ё ба дарёҳои Душанбеву Вахшу Сирдарё рафта оббозӣ кунанд, ки он хатарзо аст.

Чаро пляжи мардумӣ насозем?

Газетаи мардумии СССР қаблан борҳо навишта буд, ки чаро шаҳрдории Душанбе дар лаби дарёи Душанбе 1 мавзеи оббозиву шиноварии оммавиву ройгон барои мардум насозад? Амсоли минтақаи оббозӣ дар дарёи Сирдарёи Хуҷандшаҳр, ки рӯ ба рӯи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд аст?

Барои ин кор пули зиёд лозим нест, мавзеи бехавфтареро интихоб карда, онро аз сангу симу мех тоза намуда, ҳудуди хатарнокро бо симтӯр гирифтаву регу қум рехта, аз сангҳои бетонии калони дарё сад сохта, 1 обанбори хурдакаке бунёд кардан мумкин аст. Ин кор дар чанд минтақаи шаҳр, ки дарёи Душанбе аз он мегузарад кардан имконпазир буда, барои кӯдакону наврасон низ беҳтарин роҳи омӯзиши шиноварӣ хоҳад шуд. Зеро яке аз сабабҳои зери об мондани кӯдакони имрӯзи мо низ маҳз ҳамин аст – шиновар набудан!

Омирона Достиева, СССР 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter