Принт

Дӯстӣ: Нишонзода дӯкон созад!

 

Ман ба наздикӣ ба ноҳияи Дӯстӣ сафар карда, аз навгониҳои зиёд бохабар шудам. Ин аз он дарак медиҳад, ки раиси ҷавони ноҳияи мазкур Даврон Нишонзода раиси бомасъулият буда, баҳри ободии ноҳия мекӯшад.

Албатта нисбати заҳмату талоши раиси ноҳия касе шакку шубҳа надорад, вале набудани 1 дӯкони кафшдӯзӣ дар 1 ноҳияи калон ин аллакай проблема аст. Фарзи мисол, кафшатон даррад, чӣ кор мекунед? Бояд аз Дӯстӣ пои луч то Бохтар равед?!

Раис! Ҳамон кӯҳнадузону кафшдӯзон дар гармии сӯзони тобистон ва дар зери борону барфи зимистон ба мардум хизмат мекунанд. Барои онҳо 1 дӯкон созед, кори бисёр хуб мешавад.

Оламгули Мазлум,

ш.Душанбе

Матлабҳои дигар