ХАБАРИ ДОҒ

Душанбе: андар боби мушкили нақлиёт

  • Чоршанбе, Сен 21 2022

 

   Бо вуҷуди пешравиҳо дар самти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудию мушкилоти зиёд ба назар мерасад. Бояд қайд кард, ки яке аз сарчашмаи камбудиҳо ин то ҳол тартиби ҳаққи роҳкиро дар нақлиёти давлатӣ аз тарафи ронандагон ва мусофирон дуруст ба роҳ монда нашудан аст. Дар бисёр ҳолатҳо шоҳиди он шудаем, ки аз 5  нафар мусофире, ки ба нақлиёти мусофиркаш савор мешаванд, яке корти ройгон, дуи дигар маблағи нақд, чаҳорум шаҳодатнома (удостоверение) ва панҷум аз корти пулакӣ истифода менамоянд. Яъне, аз 5 мусофир якеаш маблағи роҳкироро мепардозаду халос. Барои бартараф кардани ин камбудиҳо чӣ бояд кард?

Пешниҳод менамоям, ки барои бартараф кардани ин камбудӣ озмун дар бораи тартиби дурусти хизматрасонӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро эълон карда шавад.

    Даромади мусофирон ба нақлиёти мусофиркашонии давлатӣ шояд аз дари қафо мисли метро (турникет) беҳтар бошад, дар ҳолати надоштани корт дохилшавӣ ба нақлиёт ғайриимкон мегардад. Бигузор даромад аз дари пеш бошад, лекин мусофир бо ронанда ягон наздикӣ ва муомилоту доду гирифт, ҳатто муошират ҳам карда натавонад. Баъзе ҳолатҳо мешавад, ки барои пардохти ҳаққи роҳкиро байни ронанда ва мусофир бо сабаби  кам будани маблағ ё маблағи калон пешниҳод намудан, ҷанҷол барпо мешавад.  Дар баъзе истгоҳҳо ҷавононе дида мешаванд, ки чиптаҳои яквақтаро ба мусофирон фурӯхта, мисли чиптаҳои ба филм ё театр медаромадагӣ барин ва мусофирон ин чиптаҳоро ба ронанда пешниҳод намуда, ба нақлиёт дохил мешаванд. Ин тарзи хизматрасонӣ ҳалли мушкилотро бартараф намекунад.

     Боз 1 мушкили ҷиддии дигар ин мебошад, ки дар истгоҳҳо таблитсаи вақти муайяни расидани нақлиёт (реҷаи ҳаракати нақлиёт) дида намешавад ва ин боиси он мегардад, ки ронанда кадом вақте хоҳад, ба истгоҳ мерасад, чанд муддате, ки хоҳад меистад, ки ин боиси нороҳатӣ ва асабонияти мусофирон мегардад. 

      Аз набудани реҷаи вақти муайяншуда дар истгоҳҳо нақлиёти давлатӣ мисли нақлиёти шахсӣ дар куҷое хоҳанд истода, мусофир гирифта, ба истгоҳи оянда кадом вақте, ки хоҳад расидан мегиранд. Баъзе вақт автобус ва троллейбусҳо пайиҳам шуда, байни якдигар пойга (гонка) менамоянд, ки ин барои мусофирон хавфнок буда, боиси хатари ҷонии онҳо шуда метавонад. Агар дар пойга рафту яке бохт, дигарӣ тамоман шитоб накарда, оҳиста-оҳиста ҳаракат кардан мегирад, ки ин боиси натанҳо нораҳатию асабонияти мусофирон, ҳатто ба  ҷангу ҷанҷолҳо оварда мерасонад.

Дар бисёр мавридҳо ронандаҳо шарм накарда, ба мусофирон мегӯянд, ки агар шитоб дорӣ, ба таксӣ савор шав. Ронанда дар фикри гирифтани роҳкирои нақд намедонад ё донистан намехоҳад, ки мусофирон ва шаҳрвандони зиёд бо маоши моҳона кор мекунанду имкони пардохти таксисавориро надоранд.

     Камбудии дигар он аст, ки нақлиёти давлатии мусофиркашонии ш.Душанбе нав ҳам бошанд, дар бисёр автобусҳо кондитсионер хомӯш карда шудаст.

      Албатта, боварӣ дорем, ки баъди эълони озмуни хизматрасониҳои нақлиётӣ шояд пешниҳодҳои хубе оиди мусофиркашонӣ ва бартараф шудани камбудиҳои ҷойдошта ироа гардад. Мо Метавонем!

Р. Шарифзода,

Тел: 918555554

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter