Принт

Панҷакент: шабакаҳои барқ алоҳида бошанд

 

Бо дарназардошти он, ки водии Зарафшон 1 водии сераҳолӣ ва дур аз маркази ҷумҳуриву вилоят мебошад, хуб мешуд, агар Шабакаҳои барқи водии Зарафшонро алоҳида кунанд. Ҷудо кардани Шабакаҳои барқи Панҷакент ва тобеъ кардани он ба Шабакаҳои барқи Истаравшан 1 иштибоҳе буд. Ҳоло баъзан маврид барои гирифтани 1 хулоса ё шартҳои техникиву бастани шартнома муштарӣ бояд ба ш.Истаравшан равад, ки хароҷоти зиёдатӣ ва вақт аст.

Кормандон ва мутахассисони Шабакаҳои барқи Панҷакент, ки дар гузаштаи начандон дур ба навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ ва шаҳри Панҷакент хизмат мерасониданд, дорои таҷрибаи бой дар ин самт ҳастанд. Мо боварӣ дорем, ки барқчиёни водии Зарафшон метавонанд худашон ҳама корҳоро ба хубӣ анҷом диҳанд.

Хуршед Фозилов,

ш.Панҷакент

Матлабҳои дигар