ХАБАРИ ДОҒ

 

 Ҷамолиддин Ҷалолиён, сокини ш.Душанбе ба идора занг зада (тел: 909991542), аз зиёд шудани сагони бесоҳиб ва дайду дар маҳаллаи Гипрозем изҳори нигаронӣ намуд.

    - Оиди зиёд шудани сагони бесоҳиб дар аксари маҳаллаҳои пойтахт, хоса шаҳраки “ Гипрозем”, маҳалаи “Зарафшон ” ва терминали шимолӣ чандин маротиба ба воситаи матбуот бонги хатар зада будам. Вале ягон натиҷа несту бо фарорасидани фасли сармо шумораи сагони бесоҳиб ба маротиб афзоиш дорад. Онҳо пеш аз ҳама хатар ба кӯдакону шахсони пиронсол дошта, бояд сади роҳи зиёд шудани онҳоро гирифт...

 

Сагҳои дайду дар маркази Хуҷанд

 Ба ҳамин тартиб чандин нафар аз шаҳри бостонии Хуҷанд занг зада, изҳори нигаронӣ карданд, ки дар маркази шаҳр, хоса гулбоғи театри марказӣ, назди фаввораҳо ва Боғи Камол сагҳои дайду зиёд шудаанд, ки меҳмононро талхакаф мекунанд. Акси ин сагҳоро низ фиристоданд, ки пешкаши масъулин гардид (нигаред!). Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter