ХАБАРИ ДОҒ

Тағийроти нав барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия

   Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия сар аз 01.01.2023 дар бахши баҳисобгирии муҳоҷират ва бақайдгирии макони зист барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ як қатор тағийроти навро ҷорӣ кард.

    Аз он ҷумла, аз 01.01. 2023 варақаҳо (бланкаҳо) барои бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ бо дарназардошти маълумот дар бораи гирифтани изи ангуштон - дактилоскопия ҷорӣ мешаванд. Ҳамакнун дактилоскопия бевосита дар нуқтаҳои тафтиши шиноснома гузаронида мешавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамин ҳоло дар ФР қарор доранд, бояд ин корро то охири моҳи январ анҷом диҳанд. Шаҳрвандони хориҷӣ бояд на дертар аз 90 рӯз пас аз вуруд ба қаламрави ФР изи ангуштонашро супоранд. Бланкаҳои навро барои пур кардан метавон аз сомонаҳои Раёсат оид масоили муҳоҷират ва ВКД боргирӣ кард.

   Хориҷиёне, ки барои гирифтани маълумот ба муассисаҳои давлатии Россия меоянд, акнун метавонанд ба таври соддатар иҷозаи зисти муваққатӣ гиранд.

Яъне:

   - шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Россия бо мақсади таҳсил ба муассисаи давлатии таълимӣ ё муассисаи давлатии илмӣ омадаанд, иҷозаи зисти муваққатӣ бо мақсади гирифтани маълумотро (РВПО) дарёфт мекунанд. Чунин иҷоза (РВПО) ба хориҷиён тибқи ариза дода мешавад. Ғайр аз ин, гуфта мешавад, категорияи шахсони зикршуда ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар муддати 3 соли пас аз анҷоми таҳсил ба таври содда Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бигиранд.

    - хориҷиёне, ки барои дарёфти иҷозаи зисти муваққатӣ бо мақсади гирифтани маълумот (РВПО) муроҷиат мекунанд, уҳдадор нестанд, ки далели донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Россияро тасдиқ кунанд, инчунин ҳар сол огоҳинома дар бораи иқомат пешниҳод намоянд.

    Барои донишҷӯёни машғули таҳсил дар макотиби олии Россия гирифтани иҷозаи зист осонтар мешавад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter