ХАБАРИ ДОҒ

Тӯшбераро хом нашуморед!

  • Чоршанбе, Март 01 2023

Аз соли 2017 барои бунёди мағозаи китоб ё дӯкони рӯзномаю маҷалла дар шаҳраки «30-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Файзобод то имрӯз даводав дорам. Барои ҷомаи амал пӯшидани ин нияти нек шояд даҳҳо маротиба назди собиқ раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода даромада бошам. Назди раиси имрӯзаи ноҳия Холзода Бобишо Нарзулло на кам аз 10 маротиба даромадам, вале натиҷа нест. Пеш аз матлабам раиси ноҳия ваъда доданд, ки барои ин амали нек дар назди идораи хоҷагии ба номи А. Назиров қитъаи замин ҷудо хоҳад шуд. Ҳатто рӯзноманигорони газетаи СССР ба ин хотир табрикам карданд, вале аз байн 2 сол сипарӣ гашт, то ба ҳол на қарори марбута вобаста ба ин имзо шуду на иҷозати расмии замин ҳаст!

Қитъаи замини дар назардоштаи муаллиф ба заминҳои зери сохтмони корхонаи ба номи А. Назиров тааллуқ дошта, ба моддаи 172 кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад. Ҳоло аз масъулин пурсиданиам: ин модда танҳо барои мағозаи китоб мухолифат мекунаду ба 10 дорухона мағоза, ки дар зерсохтори заминҳои КВД ба номи А. Назиров ҷойгиранд, неъ?

Бо маънои томаш Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо 1 тир 2 нишон заданд.

Ҳатто ба редаксияи мардумии СССР раиси ноҳия посух дод, ки хоҳиши хабарнигори мардумиро вобаста ба бунёди дукони китоб дастгирӣ кардаем, аммо дар асл чунин нест. Дар ҳукумат мегӯянд мағоза созед, баъд қарорашро медиҳем. О, магар ин тавр мумкин аст? Дар пеши назарам каму ғам не 90 дорухонаи мардумфиреб бунёд шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои онҳо замин ёфта ҷудо карданду барои мағозаи китоб замин пайдо накарданд? Ба посухи подарҳавои муовини раиси ноҳия Н. Маҳмадзода назар меандозию хандаат меояд.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter