Принт

Қатъи оби нӯшокӣ дар кӯчаи Бохтар

Рӯзи 18 май аз соати 8.00 то соати 8.00 рӯзи 19 майи соли ҷорӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаи Бохтари пойтахт қатъ мегардад ва аз ин лиҳоз сокинони ин кӯчаи шаҳри Душанбе барои 1 шабонарӯз бояд миқдори лозимаи оби ошомиданиро захира намоянд.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки дар ҷараёни пайваст намудани қубури қутри 250 мм ба қубури амалкунанда, воқеъ дар кӯчаи Бохтар, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла кӯчаҳои Бохтар, М.Миршакар, биноҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чойхонаи «Роҳат» қатъ мегардад.

СССР

 

Матлабҳои дигар