Принт

П О Й Т А Х Т

Дар моддаи 4 - уми Қонуни Асосии давлат омадааст: «Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст». Барои он пойтахт мегӯем, ки ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, Парлумон, Ҳукумат , Сарвари давлат, Академияю донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангию таблиғотӣ ва мақомотҳои марказии қудратӣ, сафоратхонаҳо мавҷуданд ва ҳамаи чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ маҳз дар пойтахт мегузаранд. Меҳмонони олиқадрро танҳо дар пойтахт пешвоз мегиранд. Дар бисёр маврид пойтахтро симои миллат мегӯянд. Вале ба пиндори ман, Пойтахт дили кишвар мебошад, ки аз он рагҳои хунгард то охирин маҳаллу деҳаву манзил рафта мерасад.

Дар таърихи давлатдорӣ ҳама вақт пойтахт мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ба хотир биёред, ки фашистони гитлерӣ чӣ тавр талош мекарданд, ки дили давлати шӯравӣ Москваро ба даст дароранд.  Ё худ часпу талошҳои пантуркистонро ба ёд биёред, ки бо мадади коммунистони камхирад ва бо дастгирии хоинони миллат тоҷиконро аз пойтахт - шаҳри Бухоро маҳрум карданд.

Ба хотир биёред, ки Петри Кабир барои аз қафомонии иқтисодиву иҷтимоӣ баровардани Россия пойтахташро ба соҳили баҳри Балтик, ба Петербург гузаронд. Нурсултон Назарбоев ба ин таҷрибаи таърихӣ пайравӣ намуда, пойтахташро аз шаҳри Алма - Ато гирифта, ба шаҳри Остона бурд. Ё худ Бразилияро гирем. Онҳо низ пойтахташонро аз шаҳри Рио - де - Жанейро, аз канори давлат ба маркази мамлакат шаҳри Бразавил гузаронданд. 1 сабаби аз байн рафтани сулолаи Сомониён ана ба ҳамин дарси таърихӣ эътибор надодан шуд, ки онҳо мебоист пойтахтро ё ба Самарқанд ва ё ба Балх мегузаронданд.

Шӯравӣ моро бе пойтахт кард

Миллати қадимтарини сарзамини Мовароуннаҳр гарчанде соҳиби давлат шуду бе пойтахт монда бошад ҳам руҳафтода ва дилшикаста нашуд ва дар муҳлати кӯтоҳтарин аз деҳаи кӯчаки Душанбе пойтахти худро сохт. Ҳукумати Шӯравӣ бо он ҳама сиёсати таблиғотиаш ба тараққиёти пойтахти тоҷикон чандон аҳамият намедод. Танҳо баъд аз часпу талошҳои Раҳмон Набиев роҳбарияти марказӣ маҷбур шуд, ки лоиҳаи аз навсозии пойтахти тоҷиконро ба нақша гирад, ки аллакай дер шуда буд. Худи давлати шӯроҳо аз байн рафт ва дар кишварамон ҷанги таҳмилӣ оғоз гардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлол бо кӯшишу заҳматҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тараққиёти пойтахт аҳамияти якуминдараҷа дода шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат (фаромӯш накунед, ки пойтахтҳои давлатҳои абарқудрат ҳазорсолаҳо сохта шудаанд!), ба 1 шаҳри замонавию ободу зебо табдил ёфт. 

Рустами Эмомалӣ ва пойтахт

Ин ҷо часпу талошҳои  мири ҷавону боғайрат ва дурандешу хирадманди пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалиро махсусан қайд кардан ба маврид мебошад, ки бо ҷуръату ҷасорати ҷавонӣ симои шаҳри марказиро зебою дилработар гардонид.

Ман аз соли 1975 сокини пойтахт мебошам. Дар ин муддат таносуб аз замин то осмон аст. Ва агар тараққиёти пойтахт, ки соли оянда мардуми тоҷик 100 - солагиашро бо тантана қайд менамояд, бо ҳамин тарз, бо ҳамин суръат давом кунад, ман 100% боварӣ дорам, Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини қораи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Дур нест, ки мо ҳам соҳиби трамваю метро, эстокадаю театрҳои замонавӣ, заводу фабрикаҳои пуриқтидор ва хиёбону гулгашту боғҳову чаманистонҳо шуда, ба ҷаҳониён исбот мекунем, ки халқи тоҷик аз азал мардуми шаҳрсоз, бунёдкор ва эҷодкор буд, ҳаст ва мемонад.

Дар фарҷоми гузориши худ аз сокинони пойтахт, аз кулли шаҳрвандони диёри азизам хоҳиш мекунам, ки пойтахти Ватани маҳбубамонро дӯст доранд ва баҳри ободу зебо гардондани он саҳмгузор бошанд ва 100 - солагии таъсис ёфтани онро бо комёбиҳои беназир пешвоз гиранд. Ин ҷо ба маврид медонам, ки ба адибони муҳтарамамон муроҷиат намоям, то ки онҳо барои меҳнати садоқатмандонаву бунёдкоронаи сокинони пойтахти ҷоноҷонамон асарҳои пурмазмун ва ҷолиб офарида, дар пайравӣ ба шоири ширинкалом Боқӣ Раҳимзода:

Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе,

Хаёлам зеби дунёӣ Душанбе.,

эҷод намоянд.

                                                                                 Зариф ҒУЛОМ, адиб

Матлабҳои дигар