ХАБАРИ ДОҒ

 

«Салом муштарии муҳтарам! Бо назардошти вазъият дар кишвари мо, аз фардо қоидаҳои нави муошират пайдо мешаванд. Ҳама зангҳо сабт карда мешаванд. Ҳама сабтҳои зангҳои телефонӣ сабт карда мешаванд. Ҳама паёмҳо ва зангҳо аз Whatsapp сабт карда мешаванд.   Мониторинги Twitter. Мониторинги Facebook. Мониторинги ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ва форумҳо. Ба онҳое, ки намедонанд, бигӯед. Ҳама дастгоҳҳо ба системаҳои бахшҳои CDMX пайвастанд. Эҳтиёт бошед, ки паёмҳои нолозим ва иттилооти хилофи қонун ва ахлоқро нафиристед. Аз додани маълумоти махфӣ худдорӣ намоед. Ба дӯстон ва хешу табор, ба фарзандонатон гӯед ва хеле хуб бошед. Эҳтиёт!  Ин паёмро танҳо имрӯз расонидан хеле муҳим аст. Зеро аз фардо дар кишвар 1 шакли дигари назорат ҷорӣ шудааст. Боварнопазир, аммо рост.   Танҳо имрӯз онро ба ҳама оила ва дӯстони худ фиристед. “Ҳар чизе, ки шумо менависед ё мегӯед, метавонад бар зидди шумо истифода шавад, ҳатто ҳар як шӯхӣ!».

Шаби гузашта ба ман чунин СМС – паёмак омад, то куҷо он воқеият дорад? Оё воқеан чунин аст? Пас озодии шахсӣ, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар 1 шаҳрванд кафолат медиҳад, куҷост?

Н.Назаров,

ш.Душанбе

Аз СССР: Мо асли воқеа надонем. Вале! Агар инчунин системае ҷорӣ шудааст, айб дар худи мост, ки телефону компамонро гирифта, бо имзоҳои мустаор, дар гӯши торики хоначаамон, ҳай Шери Замон мешавем! Ана ҳамин шерони дар асл БУЗ дарёб ва муҷозот шаванд, айни савоб аст! Мо тарафдор.

Аз сӯи дигар системаи мазкур дар тамомии давлатҳои мутараққӣ ва ба ном демократӣ кайҳо ҷорист. Мо он кореро ҳамеша сар мекунем, ки падарони интернету мобайл кайҳо дар давлатҳои худ анҷом кардаанд. Ва аз ҳама муҳим, агар шумо ҳақоратчӣ, ғайбатчӣ, ватанситез, фанат, «сексуалний маняк» ва мисли бархе шоирони номӣ «шоша...нӯш» нестеду ба бонувон номаҳои ғайриахлоқӣ навишта, худ тариқи ТВ ва Радио «шарафмандона» консерти калоннн намедиҳед..., чаро бояд аз ин система ҳаросе(м)д?

Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter