ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 22 2020

27.12.2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ба Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Дипломи дараҷаи 1 ва “Ифтихорнома”-и Маҷлиси намояндагонро аз номи Раиси ин мақоми олии қонунбарор Шукурҷон Зуҳуров тақдим намуд.

Зимни баромади хеш дар назди ҳозирин Хайриниссо Юсуфӣ иброз намуд, ки мутобиқи нақшаи корӣ Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли равон тасмим гирифт, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5) ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби бештари бонувон дар кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин ба муносибати 20—солагии Фармони мазкур нахустозмуни байнисоҳавиро эълон намояд.

Озмуни мазкур бо манзури рӯнамо намудани хидматҳои арҷманду бебадали Садри Олии кишвар, ки сабки модарнавозиву бонупарвариро ба ҳамагон илқо менамоянд, анҷом пазируфта, тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахшҳои хидматрасониро фаро гирифт.

 Дар ин давра дар асоси талаботи озмун ҷадвали исму насаби бонувон, ки дар мақомоти гуногуни давлатӣ (вазорату идораҳо, мақомоти иҷроия, суд, бонкҳо) фаъолияти пурсамар доранд, дастрас гардида, мақомоте, ки дар он теъдоди бонувон аз шумори хизматчиёни давлатӣ ва фаъол зиёданд бо Диплом ва армуғонҳои самбулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки дар он 1150 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд, бо ишғоли ҷойи аввал сазори Дипломи дараҷаи 1-и ин озмун гардид.

 

Натиҷаҳои фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2019 ва вазифагузориҳо барои соли 2020

Ҷаласаи солона дар бинои асосии Раёсати БДА ЧТ “Амонатбонк” баргузор гардид. 

Дар ҷаласа Раиси Раёсат Икромӣ С.С. ва намояндагони Вазорати молия, Бонки миллии Точикистон ва мудирону муҳосибони тамоми филиалхои бонк иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Раёсат Сироҷиддин Икромӣ аз дастовардои соли 2019 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки соли сипаригардида дар таърихи «Амонатбонк» ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт шуд. Аз ҷумла ба истифода додани бинои наву замонавии дастгоҳи марказии Бонк, вохӯрӣ ва суҳбати самимии Пешвои муаззами миллат бо кормандони «Амонатбонк», ки дар таърихи фаъолияти тӯлонии Бонк бори аввал аст, ин хотироти фаромушнашаванда барои ҳар як корманди Бонк мебошад.

Инчунин, дар ин сол «Амонатбонк» дар асоси Карори ҳайати Мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз андозсупорандаи беҳтарин дониста шуд.

Аз ҳисоби ҷалби бештари бонувон ба кор бошад, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти озмуни байнисоҳавӣ бо Дипломи дараҷаи 1 ва “Ифтихорнома”-и Маҷлиси намояндагон сарфароз гардид.

Инчунин, дар ин сол Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» бо назардошти хизматрасониҳои муосири бонкӣ, сазовори ҷоизаи тиллоии «Бренди сол -2019» дар бахши бонкдорӣ гардид.

Ба санаи 31 декабри соли 2019 дороиҳои Бонк маблағи 4,2 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳои Бонк 3,7 млрд. сомониро ташкил додааст. Сармояи Бонк бошад, 8,1% афзоиш ёфта, ба 428,8 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Даромади софи Бонк дар ин давра 42 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2018  16,2% зиёд мебошад.

Бояд қайд намуд, ки «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар соли ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 80,6 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намудааст, ки нисбат ба соли 2018   28,6 млн. сомонӣ ва ё 55% зиёд мебошад.                           

    Дар соли 2019 Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба наздики 40 ҳазор муштарӣ 675,3 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 73% зиёд мебошад.         

Бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар «Амонатбонк» ба санаи 31 декабри соли 2019 маблағи 3,4 млрд. сомониро ташкил дод ва Бонк аз рӯи ин нишондиҳанда дар низоми бонкии кишвар яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуд.

Дар соли ҳисоботӣ дар иртибот ба самтҳои афзалиятноки муайяннамудаи Бонк барои соли 2019, баҳри дастрасии ҳамаҷонибаи мизоҷону сайёҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ, 150 адад ё 27%-и марказҳои хизматрасонии бонкӣ ба шафати роҳҳои байналмилалӣ, дохили маркази савдову бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин ба самаранокии фаъолият ва барои фароҳам овардани шароити мусоид барои мизоҷон асос гузошт.

Дар баробари ин, фаъолияти 12 адад хазинаҳои шабонарӯзии дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод намуда истодаанд, пурзӯр карда шуд.    

Инчунин, ба хотири беҳтарнамоии шароити кору хизматрасонӣ 11 бинои кории замонавӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳалӣ ва дастгирии Раёсати Бонк бунёд гардида, 200 бинои марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар соли 2019  284 нафар корманд дар «Амонатбонк» ба кор қабул карда шуд, ки зиёда аз 60%-и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.

Ба ҳолати имрӯза дар «Амонатбонк» 1166 нафар занон фаъолият доранд, ки 42%-и шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд. Ҷаласаи мазкур аз ду қисмат иборат буд ва дар қисмати дуюм мутахассисони «Амонатбонк» ҳар як бахшро дар алоҳидагӣ тавассути слайд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

 

Шуъбаи матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк»

 

 

 

Панҷшанбе, Янв 16 2020

 

Шоҳид ҳастем, ки сарфи назар аз бардавом ва бошиддат будани бориши барф ва тармабории зиёд  дар роҳи Душанбе- Чанок ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истинои рӯзҳои беҳад афзун будани хавфи тармаборӣ  таъмин буда, кормандони мо муназзам будани ин раванд ҷаҳду талош доранд. 

  Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар мавсими сармо тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»., Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019- 2020» ва талаботи банди 33 моддаи 3- юми шартномаи Консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюзшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши дахлдори  вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ» ба тасвиб мерасад. 

   Тибқи муқаррароти  он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда, танҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ (симтобаи кашолкунӣ, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки талаботи мазкурро мадди назар дошта бошанд, зеро дар қитъаҳои роҳ вазъ нигаронкунанда аст.

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январи соли равон, бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд.

Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд,  чоруми январ роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид. 

Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад. 

   Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии мусофирону ронандагон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст.

Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем. 

 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Панҷшанбе, Янв 02 2020

Қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд

Ояндаи наздик  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда  баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бораи Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин бора нуҳуми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори дахлдорро ба тасвиб расонидааст. 

 Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкории бахши хусусӣ ва Давлат амалӣ шуда, беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ҳадафҳои асосии он маҳсуб мешаванд. Аввалин тунели пулакӣ дар ағбаи Камчиқ мавриди истифода қарор гирифта, то соли 2022 шоҳроҳҳои Сирдарё - Бахт, Тошкент - Самарқанд ва Тошкент-Андиҷон пулакӣ хоҳанд шуд. Амалиишавии иқдоми мазкур зери назорати ҷиддии  Президенти Ӯзбекистон қарор дошта, муовинони якуми вазирони молия ва нақлиёт барои сари вақт ва дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуданаш муваззаф шудаанд.       

 Лозим ба ёдоварист, ки қаблан истифодаи роҳ баъд аз пардохти маблағи муайян дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус  низ ҷорӣ шуда буд. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ аз соли 2013 зиёда аз 1000 километр роҳ пулакӣ буда, нигоҳдории онҳо ва ҷамъоварии маблағ ба зиммаи ширкати “КазАвтоЖол” вогузор аст. Дар марҳилаи аввали ҷорӣ намудани истифодаи роҳҳои пулакӣ дар Қазоқистон низ бисёриҳо моҳият ва манфиати ин иқдомро дуруст дарк намекарданд. Вале бо гузашти вақти на он қадар зиёд бартариҳои ин иқдом ҳувайдо ва назари мардум ба он комилан мусбат гардид. 

Бо дарназардошти манфиатовар будан тасмим гирифта шудааст, ки то соли 2025 дар Ҷумҳурии Қазоқистон 11, 7 ҳазор километр роҳ пулакӣ шавад.  Айни замон дар роҳҳои пулакии ин кишвар 12 нуқтаи вазнченкунӣ фаъол буда, саҳми  онҳо дар пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо вазни аз меъёр зиёд арзанда аст. Илова бар ин тасмим гирифта шудааст, ки дар давоми солҳои 2019 -2020 дар роҳҳои давлати мавриди назар 34 нуқтаи вазнченкунӣ ба фаъолият шурӯъ намояд. 

Ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Қирғизистон низ аз ин раванд дар канор набуда, чанде пеш дар парлумони Ҷумҳурии Қирғизистон – Жогорку Кенеш тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Қирғизистон «Оид ба роҳҳои автомобилгард» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи «24.Кg» иттилоъ дода буд. Муҳимият ва ҷолибияти қонуни мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки тибқи тағийиру иловаҳои воридмегардида, минбаъд дар Қиғизистон ба иҷора додани роҳҳо роиҷ мегардад. Вазири нақлиёт ва роҳҳои ин кишвар зимни шарҳи масъалаи мазкур минҷумла гуфтааст, ки дар навбати аввал роҳи Бишкек – Чалдовар ва дар марҳилаи дувум роҳи ноҳияи Узгени ин кишвар ба иҷора дода шуда, ин раванд минбаъд тавсеа хоҳад ёфт.

Дар Ҷумҳурии Белорус низ истифодаи пулакии роҳҳо солиёни зиёд инҷониб  роиҷ буда, айни замон зиёда аз 1189 километр роҳҳои ин мамлакат пулакӣ мебошанд. Ҳаракат дар қисмати аъзами шоҳроҳҳои мамлакат, аз ҷумла Минск – Витебск, Минск – Могилев, Минск – Гомел, Шучин –Гродно, Минск - Гродно (сарҳади Ҷумҳурии Полша), Минск – Ошмяны (сарҳади Ҷумҳурии Литва), Минск – Дзержинск ва ғайра танҳо баъди пардохти маблағ имконпазир аст. Нуктаи ҷолиби дигар он аст, ки арзиши  ҳаракат дар роҳҳои мавриди назар дар Ҷумҳурии Белорус вобаста ба зарурат ва вазъи иқтисодӣ тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Барои мисол, пештар ронандагон барои ҳаракат аз масири Брест то сарҳади Федератсияи Россия 12 эвро маблағ пардохт менамуданд. Чанде пештар тарофаҳо тағйир ёфта, аз ин пас ронандагон мувазаффанд, ки 24,36 эвро маблағ супоранд. 

Муҳим он аст, ки соҳибони воситаҳои нақлиёти сабукрав дар сурати қисман пардохт нашудани арзиши ҳаракат 50 эвро ва дар ҳолати пурра пардохт накардани маблағи пешбинишуда 100 эвро, моликони  автомобилҳои боркаш мутаносибан 130 ва 260 эвро ҷарима  мешаванд.  Аз муҳтавои матлаби мазкур  бармеояд, ки механизми институтсионалию инноватсионӣ истифодаи роҳҳо танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роиҷ набуда, дар кишварҳое, ки  бо давлати мо умумияти зиёд доранд, низ мавриди истифода аст.   Муҳим он аст, ки чунин тарзи кор натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Инро дар мисоли  натиҷаҳои фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳид ҳастем.

Далер Мерганов, журналист

 

Ҷумъа, Дек 27 2019

    Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзҳои 28- 30 декабри соли 2019 онҳое, ки маблағҳои худро аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 1 ноябр то 3 декабри соли 2019 тавассути низоми “Золотая корона” интиқол дода буданд, метавонанд танҳо аз тамоми воҳидҳои хизматрасонии БДА ҶТ “Амонатбонк” аз тамоми манотиқи кишвар гиранд. 

   Тавре шӯъбаи матбуоти БМТ иттиллоъ медиҳад, дар ҳолати пайдо шудани суол ва ё мушкил шаҳрвандон метавонанд бо рақамҳои (44)-600-15-20, (44)-600-28-63 ба Идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

 

Панҷшанбе, Дек 26 2019

    Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст. Вале нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд. Дар ин бора Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ, ки имрӯз ба Парлумони кишвар ироа гашт, таъкид намуд.

   Сарвари давлат ба роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом-истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ-дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Чоршанбе, Дек 25 2019

   Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки низоми пардохтии “Вестерн Юнион” бо иҷрои талаботҳои қонунгузории ҶТба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пайваст шуда, фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намуд.

   Тавре аз маркази матбуоти БМТ хабар доданд, ҳамакнун шаҳрвандони кишвар имконият пайдо карданд, ки аз 23.12.2019 маблағҳои аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшударо аз ташкилотҳои қарзии кишвар дастрас намоянд.

   Сараввал низоми мазкур фаъолияташро бо ҶСП “Бонки Арванд” оғоз намуда, сипас марҳила ба марҳила дар давоми 1 ҳафта ҳамаи ташкилотҳои қарзие, ки бо низоми мазкур ҳамкорӣ доштанд, ба ин низом пайваст мешаванд.

 

саҳ 3 аз 43

Китобҳо

Flag Counter