ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июн 01 2017


Бо мақсади муҳокимаи рафти иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” санаи 16 майи соли 2017 дар БМТ бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва ташкилотҳои қарзӣ таҳти роҳбарии Муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ роҳҳои зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни суханронӣ Машрабзода оид ба вазъи ҷории бозори кортҳои пардохтӣ дар кишвар ва рафти иҷрои қарори зикргардида маълумот дода, зарурияти роҳандозӣ намудани муомилоти ғайринақдӣ ҳамчун омили асосии шаффофияти ҷараёнҳои молиявӣ дар низоми молиявии кишварро таъкид намуд. Дар идома аз рафти фаъолияти ҳайати муштараки кории Кумитаи андоз ва БМТ иттилоъ дода шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки аз оғози фаъолияти ҳайати муштараки корӣ дар 573 муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ санҷиш гузаронида шуда, аз ин миқдор муассисаҳои савдо ва хизматрасонии санҷидашуда дар 64 адади онҳо ПОС-теминалҳои электронӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки бо ПОС-терминалҳои электронӣ муҷаҳҳаз нестанд, бо роҳбарон ва кормандони онҳо оид ба зарурият ва афзалиятҳои истифодабарии ПОС-терминалҳои электронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Ба 509 адад муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи андоз барои дар муҳлати 25 рӯз насб кардани ПОС- терминалҳои электронӣ огоҳинома дода шуд. Дар баробари ин, нисбати чор адад шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои насб накардани терминалҳои электронӣ ва қабул накардани кортҳои пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шуд. Дар натиҷа 812 соҳибкорон ба ташкилотҳои қарзӣ барои насби терминалҳои электронӣ муроҷиат намуда, айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар асоси дархости соҳибкорон раванди насби терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар рафти ҷаласаи корӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки тибқи қарори зикргардида миқдори зарурии ПОС - терминалҳоро захира намуда, баробари муроҷиати соҳибкорон шартномаҳои дахлдорро ба имзо расонанд ва ПОС-терминалҳоро ба таври фаврӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб кунанд. Инчунин, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки теъдоди хизматрасониҳои муосири бонкиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ зиёд намуда, имконияти барориши кортҳои кредитӣ, кортҳои пардохтии чипдор ва ғайритамосӣ (безконтактный), татбиқ намудани барномаҳои муосири бозории ҳавасмандкунии муштариён (бонусҳо) дар якҷоягӣ бо муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ҳангоми амалӣ намудани пардохти молу хизматрасонӣ тариқи ғайринақдӣ роҳандозӣ намоянд.
Барои маълумот: Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба санаи 1 майи соли 2017 зиёда аз 1 677,9  ҳаз. ададро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд мебошад. Миқдори дорандагони кортҳои пардохтӣ бошад, зиёда аз 1 654,1 ҳаз. нафарро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид.  Дар баробари ин, ба санаи 1 апрели соли 2017 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ мувофиқан 740 адад ва 2 485 ададро ташкил намуд. Аз ин миқдор терминалҳои электронӣ 1578 адад дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд ва 907 адад дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда шудаанд.


Шуъбаи матбуоти БМТ

Душанбе, Май 29 2017


Дирӯз, 28.05.2017 дар силсилаи чорабиниҳо бобати таҷдиди НБО "Норак" трасформатори 450 мегаволт ампер бо вазни 214 тонна бо нерӯгоҳ ворид шуд.
Бино ба иттиллои маркази матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», нн трансформатор дар Туркия бо иштироки мутахассисони олмониву фаронсавӣ сохта шуда моҳи сентябри соли 2016 бо муваффакият аз озмоиш гузашт.
Он дар агрегати 8-ум насб мешавад ва имконият медиҳад, ки нерӯгохи азими Тоҷикон дар доираи иқтидори лоиҳавӣ нерӯи барқ истеҳсол намояд.

СССР

Панҷшанбе, Май 25 2017


Рӯзи 22 майи соли равон мулоқоти Раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо роҳбарияти ширкати «Алварез & Марсал», ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҳайси мушовир интихоб шудааст, доир гардид. Ин мулоқот дар доираи Лоиҳаи ҳамкориҳо оид ба солимгардонии вазъи молиявии ТСБ бо БАТР сурат мегиранд.
Лоиҳа аз ду марҳала иборат буда, дар мараҳалаи аввал аз санҷиши маҷмӯии молиявӣ ва амалиявии бонк ва дар марҳалаи дуюм тавсияҳо оид ба дурнамо ва таҷдиди сохтори Бонк таҳия мегардад.
Кумаки техникии мазкур барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани самтҳои асосии фаъолияти ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва пурра барқарор намудани вазъи молиявии он равона карда шудааст. Санаи 23 май тими мушовирони БАТР, ки аз 7 нафар иборатанд, дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ карданд.
Рӯзи 23 май дар ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мулоқоти дигари  Раиси Раёсати ТСБ Тоҷидин Пирзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки баҳри шиносоӣ бо раванди солимгардонии вазъи молиявии Бонк таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росса ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор шуд.
Тоҷидин Пирзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар чор моҳи аввали сол ва раванди иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2019” ва “Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2021” маълумоти мухтасар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо  мақсади ба эътидол овардани вазъи молиявии Бонк тамоми воситаю имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дастуру супоришҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Шӯрои нозирони бонкро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳама самтҳо  фаъолияти худро ҷоннок намуда истодааст.
Бонк соли 2016-ро бо натиҷаҳои манфии молиявӣ- 337  млн. сомонӣ зарар чамъбаст намуда буд. Вале фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли равон бо нишондиҳандаи мусбат, яъне  5,7 млн. сомонӣ фоида ҷамъбаст намуд, ки ин яке аз нишонаҳои рӯ ба солимгардонӣ ниҳодани вазъи молиявии бонк ба ҳисоб меравад.
Пол Росса аз тарафи ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки кӯшишҳои тими роҳбарикунандаи бонк ва натиҷаҳои бадастомада қобили таҳсин аст ва изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик Тоҷиксодиротбонк мақоми пешини худро дар низоми бонкии кишвар барқарор хоҳад кард.


СССР.

Панҷшанбе, Май 25 2017


Сулаймон Султонзода, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба радиои Озодӣ кушода шудани делоҳои ҷиноятӣ ва боздошти "чанд нафар кормандони Агентӣ”-ро тасдиқ карда, ӯ гуфтааст, ба хотири "халал нарасондан ба рафти тафтишоти пешакӣ доир ба саволҳое, ки ба оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони Агентӣ тааллуқ доранд, пешниҳоди маълумоти дахлдор ғайриимкон мебошад.” Султонзода дар ин посухи расмиаш ҳамчунин гузоришҳои нашршуда дар бораи ёфт шудани маблағҳои бузург дар ҷараёни кофтукоби манзилҳои мансабдорони боздоштшудаи ин ниҳодро рад кардааст: "Ҳамзамон бояд қайд кард, ки маълумотҳои дар васоити ахбори омма нашршуда, алалхусус оиди дарёфти маблағи пулии 35 млн. доллари ИМА аз хонаи модари Хайрзода д., 1 млн 300 ҳазор доллари ИМА ва 6 кило тилло аз манзили истиқоматии Холмуродзода Ф., халтаҳои пур аз маблағ, тилло ва сангҳои қимматнок аз бункери Ниёзбадалов (Абдуғаффорзода) Ф. ва сохтакорӣ будани натиҷаи ташхиси озмоишгоҳи "Био Папа”-и шаҳри Москва дар парвандаи ҷиноятӣ нисбати Зайд Саидов асоси воқеӣ надоранд.” Ин нахустин шарҳи расмии Агентии мубориза бо коррупсия дар бораи делоҳои ҷиноятӣ ба зидди мансабдорони дар гузашта баландпояи ин ниҳод баъди беш аз 1 моҳи ибтидо аз мақомҳояшон барканор ва сипас боздошт шудани ин нафарон аст.

 

Душанбе, Май 22 2017


Овоза ҳаст, ки гӯё дар Панҷакент эпидемияи муриши чорво паҳн гардида, ба сабаби ин беморӣ чорвои зиёд  талаф ёфтаанд. Овоза мегӯяд, ин беморӣ асосан дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ва деҳоти он паҳн шуда, дар ҳар деҳа қариб 50 чорвои хурду калон мурдаанд. Дар ҳамин ҳол Шодмонов Қурбонбой-сардори идораи бойтории ш.Панҷакент дар сӯҳбат ба СССР гуфт, ки ин овозаҳо дурӯғ буда, танҳо дар ҷамоати Рӯдакӣ 10-12 чорво талаф ёфтаанд, ки ин ҳам бошад бо гуноҳи худи мардум аст. Зеро онҳо саривақт ҳайвонҳои худро ваксинатсия (эмкӯбӣ) намекунанд. Ҳамчунин Фармонов Эгамбердӣ-раиси ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ низ гуфт, ки ҳамагӣ 10 чорво мурдаасту халос ва дигар барои пешгирии талафи чорво корҳои профлактикӣ рафта истодааст.


Хуршед Фозил,
Панҷакент

Чоршанбе, Май 17 2017


ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мегӯяд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дар назди ширкат қарзҳои ҳангуфт доранд ва бо гузашти муддати зиёд аз пардохти он саркашӣ мекунанд.
Илҳомҷон Соҳибов, раиси ширкати мазкур дар 1 сӯҳбати ихтисосӣ бо мухбири СССР гуфт, ки то ба имрӯз қарзи 2 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар назди ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» то ба 184 миллион сомонӣ расидааст ва бо сабаби конвертатсияи асъори хориҷӣ, ширкат алакай 18 миллион зарари молӣ низ дидааст.
- Мо маводи сӯзишворӣ, хоса керосини аълосифатро аз Русия бо пешпардохт харидорӣ менамоем, зеро бо пешпардохт қиммати сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Мо айни замон дар масъалаи пардохт бо ягон ширкати хориҷӣ мушкил надорем, проблема асосии мо имрӯз ин сари вақт пардохт накардани қарзҳо аз тарафи ширкатҳои «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» мебошад. Новобаста аз реҷаи имтиёзноки пардохти пули сӯзишворӣ, ин 2 ширкат ҳоло тамоман маблағ пардохт намекунанд ва ин зарари ҷиддӣ ба самти фаъолияти кории мо ҳам зада истодааст,- таъкид дошт Илҳомҷон Соҳибов.



Канӣ, монополия!?
Дар идомаи сӯҳбат мавсуф иброз намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ширкати «Сомон эйр» азонҳо маводи сӯзишворӣ намегирад ва ҳавопаймоҳои хатсайрҳои он дар шаҳрҳои Бишкеку Чимкент ист намуда керосин харидорӣ ва захира мекунанд.
- Борҳо мегӯянду менависанд, ки керосини авиатсионӣ дар Тоҷикистон монополия шудаасту ширкатҳои ҳавопаймоҳои ватанӣ имкони харидорӣ намудани онро дар хориҷ надоранд. Аммо, бубинед, ҳоло ҳам ҳавопаймоҳои «Тоҷик эйр» ва хам «Сомон эйр» дар фурудгоҳхои Бишкеку Чимкент фуруд омада керосин мехаранду захира мекунанд ва касе ин корро барояшон манъ накардааст, пас ку, монополия!? Нархи 1 тонна керосини авиатсионии мо тайи 1 соли охир тағийр накардааст- $1120, он ҳам бо назардошти тамоми хароҷоти роҳ, барасмиятдарории гумрукӣ ва дихар боҷу хадамотҳо. Дар Бишкек 1 тонна керосин $ 720, дар Чимкент $926 ва дар фурудгоҳҳои Ӯзбекистон он $1250 аст. Фарқияти нархи мову Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон зиёд нест ва бояд онро ба назар гирифт, ки роҳашон наздиктар буда бархе кишварҳо боҷи гумрукӣ намесупоранд ва ин омил ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, - гуфт Илҳомҷон Соҳибов.
Бояд қайд намуд, ки тайи 10 рӯзи охир ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ-«Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр» дучори мушкилоти зиёд гашта қариб, ки тамоми хатсайрҳояшон бо таъхир меояд ва аз ин ҳолат азияти бештарро мусофирон мебинанд.



СССР

саҳ 30 аз 45

Китобҳо

Flag Counter