ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Авг 18 2016


Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаихумб, қитъаи Ш. Шоҳин – Шоҳон имрӯз яке аз лоиҳаҳои калонтарини кишвар дар бахши роҳсозӣ буда кор дар ин иншоот аз моҳи май ин тараф вусъати нав гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 86,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дода он аз ҷониби Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Саудӣ, Бунёди рушди иқтисодиёти араби Қувайт, Бунёди Абудабӣ, Бунёди ОПЕК ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа соли 2011 оғоз шуда роҳсозон ният доранд онро то охири соли 2016 ба итмом расонида ба истифода супоранд.

Ҷумъа, Авг 12 2016

Тақдири Тоҷиксодиротбонк, ки ахиран муфлисаш карданд, агар вазъ оҷилан ислоҳ нашавад, дигар бонкҳои бузурги кишварро низ таҳдид мекунад. Ин матлабро хонед. Мо Метавонем!!!

Душанбе, Авг 08 2016

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, ки вазъи моли ширкати номбурда сол аз сол беҳтар гашта «Барқи тоҷик» қарзҳои худро дар назди нерӯгоҳҳои кишвар, алалхусус НБО «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2» аз рӯи реҷаи махсус пардохт намуда баҳри беҳбудӣ бахшидан ба вазъи моли ширкат чораҳои амиқ андешида шуда истодааст.

Панҷшанбе, Авг 04 2016

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ-Шавкат Бобозода, дар давоми нимсолаи аввали соли равон корхонаҳои коркарди тиллои Тоҷикистон 2096,4 кг тилло истихроҷ намуданд. "Ҳаҷми истеҳсоли нуқра дар нисбат ба нимсолаи аввали  соли гузшата 1 кг зиёд шуда, 1253 килоро ташкил дод",-гуфт ӯ. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2015-2% зиёдтар аст. Ба туфайли мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истихроҷи тиллои КМ "Зарафшон", ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон меафзояд. Дар ҳоли ҳозир ҳашт корхонаи дохил ва хориҷи кишвар ба коркарди тилло машғул ҳастанд…

 

Панҷшанбе, Июл 28 2016

Айни замон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 28 субъект худро ба қайд гирифтаанд, ки аз ин шумора 7 субъект ширкатҳои ватанӣ буда дар умум 4 субъект алакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд ва дар ояндаи наздик 2 субъекти дигар барои фаъолият ба истифода дода хоҳанд шуд. МОИ «Данғара», ки 521 гектарро ташкил менамояд, барои 50 сол таъсис ёфта то ба имрӯз наздики 200 гектари он деворабандӣ карда гашта инфрасохтор ва коммуникатсия бунёд гаштааст.

Душанбе, Июл 25 2016

Ахиран дар нишасти хабарии рӯзи 25 июли соли 2016 Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-Раиси Раёсати БМТ коҳиш ёфтани эътимоднокии аҳолиро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ таъкид намуда, намоядагони васоити ахбори оммаро ба ҳзамкорӣ ва иттилоотонии мардум ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар бозори бонкии кишвар намуд.

саҳ 35 аз 40

Китобҳо

Flag Counter