ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Июл 25 2016

Ахиран дар нишасти хабарии рӯзи 25 июли соли 2016 Ҷамшед Нурмуҳаммадзода-Раиси Раёсати БМТ коҳиш ёфтани эътимоднокии аҳолиро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ таъкид намуда, намоядагони васоити ахбори оммаро ба ҳзамкорӣ ва иттилоотонии мардум ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар бозори бонкии кишвар намуд.

Душанбе, Июл 25 2016

Дар нишасти матбуотии имрӯза Раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки “...сабаби асосии камчинии пули миллӣ-сомонӣ ба чорабиниҳои монетарӣ дар самти боло бурдани нуфӯз ва эътибори пули миллӣ, ки аз тарафи БМТ вақтҳои охир гузаронида, вобаста мебошад. Ӯ афзуд, ки имрӯз хариду фурӯш на танҳо дар бозорҳо, балки хариду фурӯшҳои бузург аз қабили хонаву иншоот, автомобилу таҷҳизотҳои техникӣ ва ғайра дар дохили кишвар бо арзи миллӣ муомилот мешаванд, ки талаботро ба ҳаҷми бузургтари пули нақд ба вуҷуд овардааст.”

Ҷумъа, Июл 22 2016

Фаъолияти низоми кортҳои пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 оғоз шуд ва то ба имрӯз ташкилотҳои қарзӣ зина ба зина воситаҳои нави ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро татбиқ ва доираи истифодаи онҳоро васеъ намуда истодаанд. Рушди инфрасохтори ин низом пеш аз ҳама аз таъмини талаботи дорандагони кортҳо вобаста аст.

Сешанбе, Июл 19 2016

Мувофиқи маълумоти омории гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, гардиши тиҷоратӣ – хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 дар маҷмӯъ ба маблағи 1 милиарду 918, 4 миллион доллари ИМа-ро ташкил намуда аз ин рақам 1 миллиарду 499,8 миллион долари амрикоӣ ба воридот ва 418,6 миллион доллари ИМА ба содироти мол рост меояд.

Сешанбе, Июл 19 2016

Дар 6 моҳи аввали соли равон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба андозаи 1956,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 1502,3 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ 298,8 миллион сомонӣ, андози аксизӣ 118,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби воридотҳои ғайриандозӣ 37,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба буҷаи давлатӣ бо назардошти тамоми сарчашмаҳои даромад 1 696,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки он ба 86,7% нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Бино ба иттиллои Абдуфатоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, дар ин давра танҳо аз ҳисоби коҳишёбии арзиш ва миқдори 20 номгӯи молҳои воридотӣ, ба ҳисоби миёна 377,3 миллион пардохтҳои гумрукӣ ситонида нашуд, ки омили он дар баробари коҳиш ёфтани ҳаҷм ва арзиши моли воридотӣ, боз хуруҷи бӯҳрони молиявии иқтисодӣ низ мебошад.

СССР

 

Ҷумъа, Июл 15 2016

Aз хӯрдани май манъ кунандам, ки ҳаром аст,

Чизе, ки дар ин шаҳр ҳалол аст, кадом аст???

Бедил

саҳ 36 аз 40

Китобҳо

Flag Counter