ХАБАРИ ДОҒ
Панҷшанбе, Июл 05 2018


Ширкати "Чайна Нонферрос Голд Лимитед" (Сhina Nonferrous Gold Limited) эълон кард, ки баъди рафъи паёмади фалокатҳои табиӣ дар кони Покрути ноҳияи Ваҳдат 1.07.2018 расман ба тавлиди хиштҳои тиллоӣ оғоз кардааст. Истеҳсоли тилло дар Покрут с.2016 шурӯъ шуда, дар 1 сол аз ин кон 162 кг ба даст овардаанд. Ёдовар мешавем, ки феврали с.2017 тарма 3 хатти баландшиддати нерӯи барқи корхонаро вайрон кард ва нақбҳо пур аз об шуда, хатти коркарди маъдан ва тиллогудозӣ осеб диданд. Ин корхонаро июни с.2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон-президенти Тоҷикистон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунанд. Кони Покрут дар дараи Ромит ҷойгир аст ва ба ҳисоби геологҳои тоҷик тақрибан 134 тонна тилло дорад.

Панҷшанбе, Июн 21 2018

 

Ҳамватанони азиз шоҳид буданд, ки дар давоми моҳҳои охир бориши беисти борон сарбории онҳоеро, ки фаъолияташон ба нигоҳдории роҳ рабт дорад, дучанд намуда, аз онҳо тадбирандешиҳои фавриро тақозо намуд.  Гуфтан бамаврид аст, ки роҳи Душанбе-Чанок аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, дар муқоиса бо дигар роҳҳои кишвар аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла, тармафароӣ, лағжидани кӯҳпора, сангфароӣ ва омадани сел зиёдтар осебпазир аст. Ба шарофати чораандешии фаврии кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Сорлюшнз ЛТД” пайомадҳои офати табиӣ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор ва механизмҳо сари вақт бартараф шуда,  ин омил замина фароҳам овард, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт умуман қатъ нагардад.
Хотиррасон менамоем, ки техникаву механизмҳои филиали Ширкат, ки теъдодашон 181 адад аст, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Ба ғайр аз ин, хати доимоамалкунандаи филиали Ширкат бо шумораи 487011020 фаъол аст, ки тавассути он тамоми муроҷиатҳо қабул ва дар ин замина филфавр тадбирандешӣ  мешавад. Фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ин Ширкат шароит фароҳам овардааст, ки хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф шуда, тамоми сол аз роҳи автомобилгарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бархӯрдоранд. Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Новобаста аз ин, таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» раванди муттасил буда, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарият аст. Ҷоиз ба зикри  алоҳида аст, ки ин масъала зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Дар мавсими имсола доираи фаьолият хеле васеь гардида, тасмим гирифта шудааст, ки 117 км роҳ таъмири куллӣ шавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таьмири куллӣ аз таъмири ҷорӣ батамом фарқ дошта, аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест.  Ҳоло дар минтақаҳои Варзоб ва Суғд таъмири куллии роҳ шурӯъ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки 2 июни соли равон дар километри 138-уми роҳи Душанбе - Чанок, дар масофаи 35 метр роҳ фуру рафта, санаи 9 июн аз километри 332 то 335 сел канораҳои роҳро шуста буд. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодиса кормандони филиали Ширкат пайи рафъи бетаъхири пайомадҳои он ҷаҳду талош намуда, тавонистанд собит намоянд, дар нигоҳдории роҳ собитқадаманд. Дар давоми 2 соат дар дили кӯҳ роҳ эъмор шудани роҳи муваққатӣ ва худи ҳамон рӯз барқарор шудани қитъаи мавриди назар шаҳодати масъулиятшиносӣ ва дорои имкониятҳои фарох будани филиали Ширкат аст. Ин дар ҳолест, ки бинобар фуруравии масоҳати на чандон зиёд дар дигар роҳҳои мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт чанд рӯз қатъ шуда буд. Ҳоло дар минтақаҳои Варзоб, Суғд ва Зарафшон 3 корхонаи истеҳсоли аслфалти марбут ба филиали Ширкат, ки иқтидори истеҳсолии ҳар кадомашон 70 тонна асфалт дар 1 соат аст, фаъолият доранд. 

Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумъа, Июн 08 2018


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотиррасон намуд, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанонро ба азият гирифтор накунанд. Дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то ки бо ин роҳ низ соҳиби савоб шаванд. Аммо ҷои таассуф аст, ки соҳибкорону савдогарони мо моҳи шарифи Рамазонро на ҳамчун моҳи хайру саховат ва ибодату накӯкорӣ, балки ҳамчун моҳи даромад ва ҳарчӣ бо қимати болову бемисл фурӯхтани молҳои худ мешиносанду саъй мекунанд бо ҳар баҳона нархҳоро бардоранду даромади худро афзоянд.
Имрӯзҳо дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф», ки яке аз бозорҳои яклӯхтфурӯшӣ дар вил.Хатлон ба ҳисоб меравад, нархи 1 кг помидор 8-12 сомонӣ, бодиринг 3-4 сомонӣ, сабзӣ-1,50-2 сомонӣ, картошка 2-2,50 сомонӣ, шакар 6,50 сомонӣ, себ 18-20 сомонӣ, нок 19-25 сомонӣ, гӯшти гов 36-40 сомонӣ, 1 кг гӯшти гӯсфанд 42-45 сомонӣ, 1 халта орд 143-145 сомонӣ, қулфинай 8-12 сомонӣ, тут-5 сомонӣ, 1 бандча кабудӣ 1 сомонист. Масъулону нозирони бозори мазкур мегӯянд, сабаби болоравии нархҳо дар бозор гуногунанд. Сабаби асосӣ ин афзудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат буда, худи деҳқонон низ маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қиматтар мефурӯшанд. Деҳқонони асил баланд шудани нархи маҳсулоти кишоварзиро дар гарон шудани сӯзишвории дизелӣ ё солярка мебинанд. Ин дар ҳолест, ки Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ то ҳол аз ӯҳдаи танзими нархи сӯзишворӣ дар ҶТ набаромада истодааст. Нарху навои ҳамин маҳсулот дар бозорҳои Кӯшониёну Леваканд бошад 10% гаронтар ба назар мерасад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон


Дар ҳамин маврид
1000 моли калони шохдор барои таъминоти пойтахт бо гӯшт
Таъминоти бозорҳои пойтахтро бо гӯшти чорво дар моҳи мубораки Рамазон 1 нафар аз соҳибкорони шинохтаи мамлакат-Умар Алиматов бар зима гирифтааст. Алиматов, роҳбари ширкати шинохтаи «Алибобо ва 40 роҳзан» буда, соли 3-юм аст, ки ин амали некро анҷом медиҳад. Соли гузашта мавсуф беш аз 300 сар чорвои калони шохдорро харида, бо нархи тавсияшуда ба сокинони пойтахт пешниҳод намуда буд. Имсол бошад ӯ азм кардааст, ки 1000 моли калони шохдорро харидорӣ намуда, то ба итмом расидани ин моҳи муборак бо нархи арзон тавассути фурӯш дар бозорҳои коммуналӣ ва марказҳои калони савдо бо нархи ягонаи барои фурӯш пешниҳодшуда ба сокинон ва меҳмонони ш.Душанбе пешниҳод кунад. Ин аст, ки ҳар шом то 33 гови калон забҳ шуда, ҳамарӯза 5,5-6 тонна гӯшти тоза ба бозорҳо ворид карда мешаванд.
Алиматовро субҳи рӯзи якшанбеи 27.05.2018 дар бозори «Саховат»-и пойтахт дидем. Эшон пас аз воридоти гӯшт шахсан ба ин ҷо омада, нарху наво ва хариду фурӯшро назорат менамуд. Вақте дар бораи ин азму амалаш пурсидем, таъкид дошт, ки ин кори хайрро дар пайи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ анҷом дода истодааст. Соҳибкор иброз намуд, ки барояш суду зиёни ин амали хайрхоҳона ва некаш муҳим нест, муҳим он аст, ки тавонад дастархони сокинони пойтахтро бо гӯшти хушсифату арзон таъмин намуда, бо ин роҳ нархи гӯштро коҳиш дода, нагузорад, ки он аз нархи тавсияшуда боло равад.
Воқеан ҳам, ҳамин аст, ки нархи 1 кг гӯшти гов айни замон дар бозорҳои пойтахт аз 36 сомонӣ боло нарафта, тайи 2 ҳафтаи аввали моҳи шарифи Рамазон ин нарх нигоҳ дошта шуда истодааст. Вагарна бо назардошти камбориш омадани зимистону баҳори имсола ва нарӯидани сабзаву алаф барои хӯроки чорво, ки боиси коҳиш ёфтани шумораи чорво дар мамлакат гаштааст, шояд нархи 1 кг гӯшти гов ҳоло дар бозорҳои кишвар то ба 50 сомонӣ мебаромад. Кош, сафи чунин ҷавонмардони Тоҷик бештар гардад! Офарин!!!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

Ҷумъа, Июн 01 2018


Гуфта мешавад, ки дар соли 2017 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия беш аз 900 миллион доллари америкоиро ташкил карда, мавриди зикр аст, ки имрӯз Федератсияи Россия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузории Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Ин нуқта дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҳукумати ФР Дмитрий Медведев, ки бо сафари корӣ рўзи 31.05.2018 ба Душанбе ташриф оварда буд, зикр карда шудааст.
   Бино ба итиллои расмӣ дар ҷараёни сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев ҳолат ва дурнамои маҷмуъи муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Тоҷикистону Россия таъкид кард, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин кишвар аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
   Президенти мамлакат ҳалли муштараки 1 қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита, қайд карда шуд, ки инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд.
   Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар бахши воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро, амри зарурӣ маънидод карданд. Дар мулоқот ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба — муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла содда кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.



Чоршанбе, Май 23 2018


Болоравии арзиши маҳсулоти кишоварзиро деҳқонон дар гаронии арзиши сӯзишвории дизелӣ ё солярка арзёбӣ мекунанд. Солярка барои коркард кардани замин лозим асту деҳқонон маҷбуранд онро харида, сарфу хароҷотро болои нархи маҳсулоти полезӣ зам кунанд. Ҳарчанд нархи меваю сабзавот дар вил.Хатлон ва маркази он бояд нисбатан арзон бошад, лек соҳибкорон мегӯянд, вақти шудгор ва кишт маводи сӯхтро зиёд сарф мекунанд ва ин аст, ки имрӯз маҷбур нархи полезию сабзавотро мисли сӯзишворӣ гарон ҳисоб кунанд. Абдурозиқ Равшанов-ронандаи трактор аз н.Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) дар сӯҳбат бо СССР аз гаронии нархи солярка, ки ба 7,60 дирам расидааст, бо изҳори нигаронӣ гуфт, барои хуб кардани ваъзи зиндагияш 10 сол пеш трактор харида буд.
-Ҳоло 1 литр соляркаро аз 7,60 то 8 сомонӣ харида 1 га заминро ба арзиши 8 сомонӣ ҷуфт мекунем. Ҳангоме дар заминҳои кишт бо деҳқонон чунин нархгузорӣ мекунем, онҳо дар навбати худ аз мо шиква мекунанд, ки мо заминро бо нархи қимат шудгор ва коркард мекунем. Лек онҳо нархи сӯзишвориро ҳам намедонанд ва ҳатто намепурсанд, 1 литр солярка чанд пул аст. Ин дар ҳолест, соляркаро аз пасмондаи нефт омода мекунанду аҷибаш ин, ки 1 литр навъи бензини А-95, 7 сомонӣ асту солярка бошад аз 7,6-8 сомонӣ арзон намешавад,- афзуд мавсуф.
Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Меҳвар” Мирзоев Саид аз н.Ҷайҳуни вил.Хатлон, ки 11 сол боз ба деҳқонӣ сару кор дорад, мегӯяд, дар ҳудуди 57 га замин пахта ва полезии пиёз, сабзӣ, тарбузу харбуза кишт карда, ба бозорҳои ватанӣ пешкаши мардум менамояд. Ӯ афзуд, ки ҳангоми ҷамъоварии пиёз якбора нархи сӯзишвории солярка ба 7,60 расид. Ронандагони “Дулан” қаблан 1 кг пиёзро ба вил.Суғд бо нархи 12 дирам мебурданд, ҳоло бошад 1 кг пиёзро 20 дирам нарх гузоштаанд, ки нигаронкунанда аст. Мирзоев мегӯяд, деҳқонон танҳо имсол ба зиёни худ кор карда, доруҳои минералӣ ва сӯзишвориро қимат харидаанду намедонанд, ки ҳосил чӣ гуна мешавад. Ман сабаби якбора боло рафтани нархи соляркаро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази вилоят аз идораҳои дахлдор пурсидам. Сабаби баланд шудани нархи соляркаро дар худи Раёсати зиддиинҳисории вилоят намедонанд! Думболи пайдо кардани ҷавоб ба ин суол ба чанд манобеи дигар муроҷиат кардам, лек посухи дуруст наёфтам.

Баҳодур Уроқов,
СССР, вил.Хатлон

саҳ 44 аз 70

Китобҳо

Flag Counter